Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ

485

Ҳафтаи равон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони ШВКД-2 дар шаҳри Исфара ва дастаи ҷавонони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар варзишгоҳи хурди деҳа доир гардид. Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи “Маъракаи иттилоотии ҷамъиятӣ”, дар асоси нақша-чорабиниҳои Гурӯҳи кории “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии “Saferword” (“Дунёи бехатар”) баргузор гашт.
Бино ба гуфти ҳамоҳангсози лоиҳа М.Шарипов ҳадаф аз баргузории мусобиқа тақвият додани ҳамкории ҷомеа бо милитсия ва таҳкими боварӣ буда, гузаронидани ин гуна чорабиниҳо барои кам шудани ҷинояткорӣ байни ҷавонон, пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа ва рушди институтҳои шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Муовини сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Исфара майори милитсия Солиҷон Парпиев гузаронидани ин гуна чорабиниҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ташкили мусобиқаҳои гуногун бо ҷалби ҷавонону ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо амри зарурист ва хоҳони минбаъд низ гузаронидани ин гуна чорабиниҳо ҳастанд.
- Кормандони милитсия аз рӯйи тақозои вазифа одатан одамони хеле ҷиддӣ ва камгап ҳастанд, лекин мусобиқаи имрӯза баъзе стереотипҳои беасосро нисбат ба милитсия дар тафаккури ҷавонони деҳа шикаст. Мо акнун ба хубӣ дарк кардем, ки кормандони милитсия ҳам мисли дигар одамони муқаррарӣ метавонанд аз дастовардҳои худ хурсанд шаванду аз нокомӣ нороҳат. Бо онҳо метавон дар ҳама мавзӯъҳо бе ягон мушкилӣ суҳбат кард, - мегӯяд футболбози дастаи ҷавонон Н.Абдуллоев.

486487

Дар фарҷоми мусобиқа футболбозон бо Ҷом, медал ва Ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки пеш аз оғози бозӣ раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Ш.Насриев ва муовини сардори ШВКД-2 дар ноҳияи мазкур майори милитсия С.Парпиев оид ба рушди варзиш ва ҳамкориҳои ҷомеаю милитсия баромад карданд.
Дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара пас аз анҷоми мусобиқаи варзишӣ ҳамагон аз оши бомаззапӯхтаи милитсионерон тановул карданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика