Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рашт: Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

470

Дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони минтақа ва ноҳияи Рашт, инчунин мусобиқаи футболи хурд дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии минтақаи мазкур баргузор карда шуд.

Дар мусобиқаҳои варзишии мазкур, ки тайи ду рӯз, 16-17-уми октябр идома ёфтанд, намояндагони корхонаю идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии минтақа иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавии чорабиниҳои варзишӣ, ки дар толори Маҷмааи варзишии шаҳраки Ғарм доир гардид, муовини сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Баҳром Худойдодзода, инчунин намояндагони дигар мақомоти марбутаи минтақа баромад намуда, оид ба аҳамият ва муҳиммияти варзиш дар солимии ҳаёти инсон, якдигарфаҳмию ҳамгироӣ, якдилию муттаҳидии қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан барои ҷавонон баҳри ояндаи дурахшони онҳо ва пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб қайд карда гузаштанд.
Ҳамчунин муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки варзиш дар Вазорати корҳои дохилӣ мақоми хоссаро ишғол намуда, таҳти сарпарастии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳар сол мусобиқаҳои гуногун оид ба намудҳои мухталифи варзишӣ гузаронида мешавад.
Аз ин лиҳоз, тасмим гирифта шуд, ки дар моҳи октябр чунин мусобиқаҳо дар байни ҷавонони ноҳияи Рашт баргузор карда шавад, зеро варзиш ба тарзи ҳаёти солим мусоидат намуда, ҷиҳати тақвият ёфтани дӯстию рафоқат ва обутоби ҷисмонӣ манфиатбахш мебошад.

471472473

Дар рӯзи дуюм аллакай мусобиқаҳои шашка миёни ҷавондухтарон ва шоҳмот миёни ҷавонон ва ҳам ҷавондухтарон дар алоҳидагӣ гузаронида шуда, ҷамъбаст гардиданд.

Дар мусобиқаи шашка байни ҷавондухтарон Саломат Холова донишҷӯи соли дуюми Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт ҷойи аввал, Манижаи Рауфҷон донишҷӯи дигари ҳамин коллеҷ ҷойи дуюм ва Рухшона Ҳусейнова донишҷӯи соли аввали Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот миёни ҷавонон Сафархуҷа Наимов коргузори факултети забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт зинаи аввал, Шодрӯз Қаҳҳоров донишҷӯи соли дуюми донишкадаи зикргардида мақоми дуюм ва Зулфиқаҳҳор Абдулбақоев хонандаи МТМУ № 37-и ноҳияи Рашт зинаи сеюмро ба даст оварданд.

475

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи шоҳмот байни ҷавонондухтарон ҷойҳои ғолибиятро Мадинаи Маҳмадюсуф хонандаи МТМУ №52-и ноҳияи Рашт ҷойи аввал, Маҳина Саймуддинова донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ҷойи дуввум ва Сурайё Авзалова хонандаи МТМУ №52-и ноҳияи Рашт соҳиб гардиданд.

Аз натиҷаи дигар мусобиқаҳои варзишӣ иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х.Солиҳов, подполковники милитсия, Душанбе-Рашт.




Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика