Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат

Аз 5-ум то 9-уми октябри соли 2019 марҳилаи чоруми мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин марҳила, аъзоёни ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Абророва Сабрина ва Ҷалолиддини Илҳомӣ иштирок намуда, Сабрина бо гирифтани 7 хол аз 7 бозӣ байни наврасдухтарон ва Ҷалолиддин бо 6 хол аз 7 бозӣ байни наврасон натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд. Аз рӯи нишондоди даставӣ Сабрина дар ҳайати дастаи Душанбе-1 ҷойи аввал ва Ҷалолиддин дар ҳайати дастаи Душанбе-2 сазовори ҷойи 3-юм гардид. 

B49Ҳамин тариқ. «Ҷоми Пешвои миллат» насиби дастаи Душанбе-1 гардид.
Дар даври ниҳоӣ 8 даста барои дарёфти мақоми ғолибият миёни ҳам рақобат намуданд. Дастаи Душанбе-1 бо гирифтани 34 хол соҳиби ҷои аввал, дастаи варзишгарони вилояти Суғд бо 33 хол мақоми дуюм ва дастаи Душанбе-2 бо 28,5 хол зинаи сеюмро ба даст оварданд.
Бояд қайд намуд, ки барои тамошои рафти мусобиқаи ҷумҳуриявии мазкур ҳазорон нафар мухлисону ҳаводорони ин навъи варзиш ҷамъ омада буданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар, намояндагони федератсияҳои варзишӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва дигар корхонаю идораҳо иштирок доштанд.
Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал ва мукофоти пулӣ аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Зимни суханронии баромадкунандагон қайд гардид, ки мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» бо мақсади оммавигардонии варзиш ва рушди ин навъи варзиш миёни аҳолии кишвар роҳандозӣ гардида, ба ҳадафи асосии худ расид, яъне дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тамоми қишрҳои ҷомеа дар он фаъолона ширкат варзиданд.
Боварӣ аст, ки шавқу рағбати наврасону ҷавонони кишвар ба шоҳмот пас аз ин боз ҳам зиёд гашта, шумораи шоҳмотбозони лаёқатманд зиёдтар хоҳад гардид.
Х.Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика