Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми мусобиқаи футболи хурд дар СХДО

452

Мусобиқаи шахсӣ-даставии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи хурд дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии Гарнизони Душанбе, ки бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26-уми август дар варзишгоҳи СХДО ВКД оғоз гардида буд, санаи 6-уми сентябр пас аз баргузории бозиҳои финалӣ ба охир расид.
Ҳайати устодони варзиш, ки аз Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доварӣ намудан ба бозиҳои футболи хурд даъват шуда буданд, ба бозии бозингарони 14 дастаи ҷузъу томҳои ХДО дар мусобиқа иштирок намуда, баҳои хуб доданд. Онҳо аз тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар як тим ва ҳар як бозингар дар алоҳидагӣ ба ин мусобиқаи варзишӣ, интизоми баланди варзишгарон дар вақти бозӣ ва ҳурмату эҳтироми ҳайати доварону байни якдигарро ба ҷо овардан дар ҳамагуна ҳолатҳои рафти бозӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Сарраёсат ва мураббиҳои дастаҳоро омода намуда, минатдории хешро баён намуданд.

453

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи ташкил ва гузаронида шуда, дастаи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, ки дар ҷараёни мусобиқа бартарии худро ба ҳамаи рақибони хеш намоиш дода тавонист, ҷойи якумро ишғол намуд. Ҷойи дуюм ба дастаи қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» ва ҷойи сеюм ба тими футболбозони қисми мустақили 13-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Турсунзода насиб гардид.
Дар ҷамъбасти чорабинии варзишӣ муовини сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ Холзода Хол Барот аз номи роҳбарияти Сарраёсат тамоми иштирокчиёни мусобиқаро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуд. Сипас мавсуф қайд кард, ки он дастаҳое, ки имрӯз ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардиданд, дар рафти бозии худ исбот намуданд, ки ба мусобиқа нисбат ба дигар тимҳо бештар тайёрии ҳамаҷонибаи ҷиддӣ дидаанд. Ҳолати хуби омодагии ҷисмонии ҳар як бозингар ва аз худ нишон додани маҳорати хуби футболбозии иштирокчиёни мусобиқа дар маҷмӯъ бори дигар собит намуд, ки дар тамоми ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар баробри мунтазам сайқал додани малакаву маҳорати касбӣ, инчунин ба ҳолати тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ низ диққати махсус зоҳир карда мешавад ва кормандони ниҳоди мазкур дар ҳама ҳолатҳо тамоми вазифаҳои дар наздашон гузошта шударо сари вақту бо сифати баланд иҷро карда метавонанд.
Варзиш омили муҳими бардамию солимӣ буда, дӯстию рафоқатро миёни одамон мустаҳкам мегардонад. Ҳамин аст, ки варзишро қосиди сулҳ меноманд. Мусобиқаи баргузор гардида низ дар баробари муайян намудани варзишггарони беҳтарин, дӯстию рафоқатро дар байни ҳар як иштирокчӣ боз ҳам бештар гардонид, ки он низ дар тарбияи рӯҳию равонии ҳайати шахсӣ нақши муҳим дорад.

454

Дар анҷом Холзода Хол Барот ғолибони мусобиқа ва дастаҳои ба ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаро бо Ҷоми Сарраёсат, диплом ва медалу тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика