Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фестивали ҷумҳуриявӣ оид ба «Санъатҳои муҳорибавии якҳарбаи шарқӣ» дар Академияи ВКД

88

Бо мақсади иҷрои нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оиди тарғиби ҳаёти солим ва рушди варзиш, санаи 26-уми августи соли 2019 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД фестивал оид ба «Санъатҳои муҳорибавии якҳарбаи шарқӣ», бахшида ба истиқболи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

899091

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким оғоз бахшида, иштирокчиёни фестивалро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ифтихори ин санаи тақдирсозу муқаддаси миллиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар кори фестивали варзишӣ, намояндагони баруманди соҳаи варзиши кишвар, ҷоизадорони ҷомҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла, мушовири Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҷураев Ориф Ҷураевич, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Шоҳиён. А., Раиси Федератсияи майдзютсу ва айкидои муҳорибавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан-2», Шарипов Абдулазиз, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи Унифайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи тими яккачини курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии чемпиони 3-каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан-1» доир ба Айкидои муҳорибавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Сураҷи Фирдавс, Раиси Федератсияи Ҷиткундо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан-3» Мирзоев Собир, Раиси Федератсияи Карате - Киёкшинкай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳикмат Кароматуллоев, Раиси Федератсияи Карате – шотокан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Табаров Фотеҳ, Муҳаббат Бегматов - устоди варзиш оид ба айкидо, Мустафо Давлатов - устоди байналмилалии варзиш оид ба айкидо, гурӯҳи федератсияи рақсҳои варзишии студияи «Новая эра» бо роҳбарии Азиза Каюмова, Раиси федератсияи унифайти ғайрикасбӣ Қудратов Дилшод, Мерганзода Комил чемпиони ҷаҳон оид ба самбо, Назарзода Навруз - мураббии шоиста оид ба гуштини юнону римӣ, дастаи зудочиёни ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо, иншоооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок намуда, ҳунари варзишии хешро намоиш доданд.

9293949695

Масъулияти баррандагиро дар фестивали мазкур бошад, муҳаррири варзидаи шабакаи телевизиони «Варзиш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тешаев Муродалӣ бар уҳда дошта аз нигоҳи касбӣ ҳунарнамоии варзишгаронро ба меҳмонон ва тамошобинон муаррифӣ намуд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни фестивали мазкур дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД ва ҳунарпешаи шинохта Тобиши Ҳилолӣ, барои болида намудани хотири меҳмонон ҳунарнамоӣ карданд.
Дар анҷоми фестивал ба Раисони федератсияҳо ва иштирокчиёни озмун аз ҷониби муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷом ва дипломҳо супорида шуда, ҳамзамон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба иштирокчиёни Фестивал дастурхони идона ороста шуд.
Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика