Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишӣ барои наврасон

337

Тайи панҷ рӯз, аз 5-ум то 9-уми августи соли 2019 аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо дастгирии Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои варзишгарони аъзои ШҶ «Динамо», наврасони душвортарбия ва аз оилаҳои камбизоат, инчунин таълимгирандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе» семинар-машварат (дарси тарбиявӣ) дар мавзӯи «Варзиш – зидди маводи мухаддир ва нашъамандӣ, пешгирӣ аз терроризму ифротгароӣ!», машқҳои таълимӣ-тамринӣ ва чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳадаф аз ташкили чунин як ҷамъомад дар таътили тобистонаи кӯдакону наврасон, ин самаранок истифода бурдани вақти холигии худ, ибрат гирифтан аз таҷрибаи якдигар, пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ба монанди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъмандӣ, ифротгароӣ, даст задан ба дигар қонуншиканиҳо, таҳкими дӯстию рафоқат, тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим, шиносоӣ бо намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ ва омӯзиши нозукиҳои он мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабинӣ беш аз 80 нафар варзишгарону таҳсилкунандагон фаъолона ширкат варзида, дар ҷолибу хотирмон доир гардидани он саҳми худро гузоштанд.
Нахуст, дар рӯзи аввал, иштирокчиёни чорабинӣ бо шароиту имкониятҳои варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, майдону толорҳои варзишӣ ва ҳавзи шиноварии он ва маҳфилҳои гуногуни сайқал додани маҳорати Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, аз қабили рассомӣ, клуби фарзин (шашкаю шоҳмот), технологияи информатсионӣ, конструктори наврас, робототехника, рақс, мусиқӣ, забономӯзӣ, таъриху адабиётшиносӣ ва ғайра аз наздик шинос гардиданд.

338339340

Тибқи барномаи тасдиқгардида, тайи ин рӯзҳо наврасон ҳар пагоҳӣ фаъолияти худро аз машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз намуда, сипас баъди дастурдиҳӣ ба гурӯҳи синну солӣ ва дастаҳо тақсим шуда, аз ягон намуди варзиш мусобиқа гузаронида мешуд. Дар рӯзи аввали мусобиқа аз намуди «футболи хурд» дар ду синну сол баргузор карда шуд, ки пас аз натиҷаҳои бозиҳо дар охири рӯз дастаҳои ғолиб муайян карда шуданд. Ба ғолибони мусобиқа, инчунин ба бозингар ва дарвозабони беҳтарини бозиҳо, дар фазои тантанавӣ медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин, вобаста ба футбол аз ҷониби мутахассисони соҳа ба наврасон баъзе нозукиҳо ин намуди варзиш ва тартибу қоидаҳои он корҳои тавсиявӣ доир карда шуд.
Дар нимаи дуюми рӯзи 5 август, дар толори китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дарси тарбиявӣ дар мавзӯи «Варзиш - гарави саломатӣ, таҳкимбахши риштаҳои дӯстию бародарӣ!» аз ҷониби корманди Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Эмомов С. ва мавзӯи «Вазифаҳои наврасон дар ҷомеа» мудири шуъбаи иттилоот ва нашриёти Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Холов Т.М. баромад намуданд. Дар баромадҳои худ маърӯзачиён дар бораи аҳамияти варзиш дар ҷомеа, тарзи дурусти машғул гардидан ба варзиш, меъёрҳои варзишӣ, инчунин ҳурмати калонсолон, эҳтироми падару модар, ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, хушахлоқию бофарҳангӣ, меҳнатдӯстию ҳунаромӯзӣ андешаҳои худро иброз доштанд. Дар фарҷоми баромадҳо миёни иштирокчиёни чорабинӣ саволу ҷавоб ташкил ва баргузор гардид.
Дар қисмати чорабиниҳои истироҳатӣ-фароғатӣ барои иштирокчиён дар китобхонаи Муассисаи зикргардида филмҳои хусусияти тарбиявидошта намоиш дода шуданд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 6 август, дар клуби «Фарзин» -и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки ширкаткунандагони семинар-машварат ва таълимгирандагони муассисаи зикргардида мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот доир карда шуд. Тартиби бозиҳо бо таври олимпӣ сурат гирифта, қариб тамоми иштирокчиён маҳорати зеҳнии худро бори дигар санҷиданд. Маълум шуд, ки миёни наврасон шашкабозу шоҳмотбоз кам нестанд. Махсусан таълимгирандагони Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе хеле фаъол буда, дар мусобиқаи шашка намояндаи он ғолиб гардид.

341342343344

Дар идомаи чорабинӣ, дар толори китобхона аз ҷониби корманди Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайроникунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ майори милитсия Диловар Раҳибзода ва аъзоёни гурӯҳи «Пешоҳанг» дарси омӯзишӣ дар мавзӯи «Чорабиниҳои роҳандозинамудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти пешгирии қонуншикании наврасону ҷавонон, ҳолатҳои оворагардию дур мондан аз таҳсил» гузаронида шуд. Мутахассисони соҳа, дар баромади худ қайд намуданд, ки яке аз сабабҳои дур мондан аз таҳсил ва бисёр гаштани қонуншиканиҳо байни ноболиғону ҷавонон ин ташрифи аз меъёр зиёди марказҳои дилхушӣ, интернет-кафеҳо ва машғул гардидан ба бозиҳои гуногуни компютерӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки баҳри пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо аз тарафи кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ва пешгирикунанда гузаронида мешавад. Ҳамчунин, ба иттилои иштирокчиён талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар қаламрави ҷумҳурӣ амалкунанда вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва шаҳрвандон, ҷазои муқарраркардашуда барои риоя накардани қонунгузорӣ, масъулияти волидайн, ӯҳдадориҳои хонандагону таълимгирандагон ва дигар самти дахлдор расонида шуд. Дар анҷоми чорабинӣ, дар байни баромадкунандагон ва кӯдакону ҷавонон сӯҳбати озод ва саволу ҷавоб баргузор карда шуда, наврасон ба саволҳои додаи худ посухи қонеъкунанда гирифтанд.
Пас аз дарси омӯзишӣ дар байни наврасон озмунҳои шеъру байтхонӣ дар мавзӯи «Дӯстӣ» ва рақсу сурудхонӣ баргузор карда шуд, ки ғолибон барои ҳунарнамоии беҳтарин бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

345346347

Дар таърихи 7-уми август, дар майдончаҳои хурди варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои волейбол ва баскетбол гузаронида шуд. Нахуст, ба иштирокчиён тартиб ва қоидаҳои бозиҳо нишон дода шуда, баъди омӯхтан ба дастаҳо ҷудо шуда, бозиҳои хуб нишон доданд. Бозиҳо ба наврасон хеле писанд гардида, барои ба даст овардани ғолибият кӯшиши ғайрати худро равона сохтанд.
Дар қисмати дуюми рӯз, зимни дарси омӯзишӣ дар мавзӯи «Хатарҳои замони муосир аз қабили терроризму ифротгароӣ, таъсири манфии он ва пешгирӣ аз чунин зуҳуроти номатлуб» корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Шӯҳратҷон Мавлонзода баромади пурмуҳтаво доир намуд. Номбурда, таваҷҷӯҳи наврасонро ба масъалаҳои авзои сиёсии дунё, хатарҳои ба ҷомеаи имрӯза таҳдидкунанда, аз қабили терроризму ифротгароӣ, гумроҳшавии бархе аз шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, бинобар сабаби ноогоҳию камсаводӣ ҷалб намуд. Баромади мазкур низ хеле ҷолиб гузашта, наврасон ба худ маълумотҳои муфид ва таассуроти амиқ гирифтанд.
8-уми август бошад, миёни иштирокчиёни чорабинӣ аз рӯи ду синну сол мусобиқаҳои бандкашӣ, варзиши сабук (давидан, ҷаҳидан, турниккашӣ, қатъкунии дастҳо) баргузор карда шуд, ки наврасон қувваи бозӯ, омодагии ҷисмонӣ ва маҳорати варзишии худро нишон доданд. Ғолибони ин мусобиқаҳо низ бо медалу Ифтихорномаҳои омоданамудаи ташкилкунандагони чорабинӣ мукофотонида шуданд.

348349

Дар қисмати дарси омӯзишӣ бошад, дар мавзӯи «Талошҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, оқибатҳои нохуши нашъамандӣ, роҳҳои пешгирӣ аз ин вабои аср» корманди Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майори милитсия Ҷасур Иронзода баромад намуд. Зикр гардид, ки маводи мухаддир ақл ва саломатиро нобуд месозад, оқибатҳои он фоҷиабор буда, ба солимии ҷомеа ва тинҷиву оромӣ таҳдид мекунад. Номбурда, оиди хатарҳои нашъамандию муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хеле соддаю фаҳмо шарҳ дода, ба тамоми саволҳои додаи наврасон ҷавобҳои пурраю далелнок манзур намуд.
Дар рӯзи охир, 9-уми август, дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо» мусобиқаи тенниси рӯи миз ва дар ҳавзи маҷмаа мусобиқа шиноварӣ баргузор карда шуд. Ғолибони мусобиқаҳои мазкур низ муайян карда шуда, бо медалу Ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.
Дарси омӯзишӣ дар мавзӯҳои «Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои замони истиқлолият ва саҳми Пешвои миллат дар рушду нумӯъ ва пешрафти кишвар» ва «Ташаккули фикрронии кӯдакону наврасон, мусоидат дар интихоби дурусти касбу ҳунар ва пешгирии амалҳои номатлуб» аз ҷониби кормандони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД гузаронида шуд.

351

Иштирокчиёни ҷамъомад хеле ҳам болидарӯҳ шуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ, ба роҳбарияти давлату кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ барои ғамхориҳои пайваста нисбати наврасону ҷавонон, шароитҳои мусоиди варзишию солимгардонӣ ва чунин як чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика