Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастоварди варзишгарони ҷавону навраси тоҷик дар гуштини дзю-до

324

Рӯзи 1-уми августи соли 2019 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 5 нафар варзишгарони ҷавону навраси тоҷикро, ки дар Чемпионати Осиёгӣ дар шаҳри Тайпейи Чин мақомҳои ифтихориро ба даст оварда буданд, бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифтанд. Ба пешвозгирии варзишгарони муваффақ намояндагони ташкилоту идораҳои варзишии кишвар, мураббиёну мухлисони варзиш, хешу табори наздик ва ёру дӯстони онҳо бо гулдастаю парчамҳои миллӣ омада буданд.
Ин варзишгарон дар Чемпионати Осиё ва Океания оид ба гуштини дзю-до миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 26-30-юми июли соли 2019 дар шаҳри Тайпейи Ҷумҳурии Халқии Чин доир гардид, дар синну сол ва вазни худ баромад намуда, сазовори медалу Ифтихорнома ва парчамбардори Ватани хеш гаштанд.

325326

Дар вазни 73 кило Ғаниҷон Ғаниев мақоми аввалро ба даст оварда, барандаи медали тилло гардид. Шарифҷон Назриев дар вазни 100 кило ва Шодмон Ризоев дар вазни 66 кило ҷойҳои дуюм, Мансур Раҳмонов дар вазни 90 кило ва Аҳлия Муминова дар вазни 52 кило ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Шарифҷон Назриев аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» буда, дар назди мураббиёни ботаҷрибаю соҳибихтисос машқу тамрин менамояд.

327

Боварӣ дорем, дар оянда низ ин варзишгарони умедбахш ба дастовардҳои варзишии бештар ноил хоҳанд гашт.
Х. Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика