Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медалҳои бадастовардаи динамочиёни наврас дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ

322

Дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини юнону румӣ миёни наврасон, ки аз 23-юм то 28-уми июли соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, дастаи гуштингирони “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона ширкат варзида, чандин мақомҳои ғолибиятро ишғол намуданд.
Чемпионати мазкур бахшида ба “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” байни наврасони солҳои 2004-2006 ва 2007-2009 баргузор гардида, дар он варзишгарон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд.
Аз 10 нафар варзишгарони дастаи “Динамо” дар чемпионат 8 нафарашон дар вазни худ ҷой гирифта, соҳиби медалу Ифтихорномаҳо гардиданд.
Ҳамин тариқ, Муҳаммад Яҳёев дар вазни 57 кило ва Шукрулло Назаров дар вазни 62 кило мақомҳои аввал, Баҳодур Сидиқов дар вазни 52 кило ва Некрӯз Норов дар вазни 44 кило ҷойҳои дуюм, инчунин чор нафари дигар: Хуршед Холзода дар вазни 20 кило, Муҳаммад Ҳақдодов дар вазни 38 кило, Комрон Сулаймонов дар вазни 41 кило ва Фирӯзҷон Ҳусейнов дар вазни 62 кило ҷойҳои сеюми сабқатро ба даст оварданд.

323

Варзишгарони зикргардида, таҳти дастпарварии мураббиёни варзида пайваста ба машқу тамрин машғул шуда, барои ноил гардидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ ҷаҳду талош меварзанд.
Х. Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика