Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наврасони муваффақ

389Дар Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД барои машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ муҳайё гардида, рӯз то рӯз сафи шавқмандони варзиши гӯштин, шиноварӣ, футбол ва бокс аз ҳисоби насли наврас меафзояд.

Ба онҳо устодони кордону ботаҷриба нозукиҳои навъҳои гуногуни сабқатро омӯзонида, дар рушду камолоти онҳо ҳиссагузорӣ менамоянд.
Ин аст, ки дастпарварони мактабҳои варзишии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар мусобиқаҳо ширкат варзида, ғолибият ба даст меоваранд.
Динамочиён Тахмина Холова дар вазни 48 кг ва Эҳсонҷони Даврон дар вазни 58 кг, ки ҳарду дар синфи 9-ум таҳсил намуда, тӯли 7 моҳ мешавад, ки дар ШҶ «Динамо»-и ВКД аз устоди варзиш Фарзона Каримова усулҳои боксро меомӯзанд, аллакай, натиҷаи заҳмату фаъолияти устодашонро нишон доданд. Ин ду навраси умедбахш дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба бокс, ки байни наврасони солҳои таваллудашон 2005-2006 доир гашт, иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.
Ин сабқат, ки дар муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокси Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт доир гардид, Тахмина Холова сазовори ҷойи дуюм ва Ифтихорнома гашт. Эҳсонҷони Даврон бошад, дар марҳилаи дуюми он роҳ ёфта, сазовори мақоми дуюм ва Диплом гардида, ҳамчунин ба сабқати ҷумҳуриявии бокс, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика