Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Маросими ботантанаи кушодашавии мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ

271

Рӯзи 22-юми июни соли 2019 дар «Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи навбатии байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт. Дар ин мусобиқа, наздики 70 нафар шиноварон аз кишварҳои дӯсту ҳамсоя Афғонистон, Белорус, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Қудратулло Бобо, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Раиси вилояти Суғд Р.Аҳмадзода тамоми меҳмонон ва иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалиро ба кишвари меҳмондӯсти Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, баргузории чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалиро баҳри таҳкими дӯстиву рафоқат, тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар ба рушди варзиш, таҳияи шароитҳои мусоид дар ин самт ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ заминаи воқеъӣ гузошт. Ташкили чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд муаррифгари кишвари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардида, барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар мамлакат мусоидат менамояд.

272273274

Ҳамчунин муовини Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Қудратулло Бобо аз номи Раиси Федератсияи миллии шиноварии кишвар, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамагонро ба муносибати кушодашавии чорабинӣ табрик ва ба варзишгарон - иштирокчиёни мусобиқа муваффақияту комёбиҳоро орзу намуд. Мавсуф дар баромади хеш аз манфиати варзиш барои солимии рӯҳу тан, мустаҳкамкунии риштаҳои дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ байни кишварҳо тавассути варзиш, ки қосиди сулҳ дониста мешавад, таъкид дошт.
Баъди маросими расмии кушодашавӣ ба варзишгарон ва мухлисони дар толор ҳузурдошта барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд дар мусобиқа варзишгарон барои дарёфти мақомҳои фахрӣ аз намудҳои брасс, батерфлай, пуштнокӣ, тарзи озод, эстафетаи даставӣ дар масофаҳои 50, 100, 200 метр ва дигар масофаҳо мардҳо ва бонувон дар алоҳидагӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Аллакай дар рӯзи аввали мусобиқаи варзишӣ варзишгарон ба рақобатҳо шуруъ намуда, ғолибони чанд намуди он муайян гардиданд. Миёни мардҳо дар намуди пуштнокӣ, ба масофаи 200 метр варзишгари дастаи Федератсияи Россия Игорь Лебедев мақоми аввал, намояндаи Ҷумҳурии Белорус Вячеслав Тугачёв мақоми дуюм ва Владислав Котов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон зинаи сеюмро ишғол намуданд.
Миёни мардҳо дар намуди батерфлай ба масоҳати 50 метр номояндаи дигари тими Федератсияи Россия Дмитрий Зеленин ҷойи аввал, варзишгари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ойбек Хужаев зинаи дуввум ва Денис Данысевич аз Ҷумҳурии Белорус мақоми сеюмро ишғол намуданд.

281276275277

Ҳамин тариқ, миёни бонувон аз намуди пуштнокӣ ба масофаи 200 метр варзишгари дастаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муслима Султонова мақоми аввал, ду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карина Климык ва Екатерина Бордачёва мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюми мусобиқаро соҳиб гардиданд.
Миёни бонувон ҳамчунин аз намуди тарзи озод ба масофаи 100 метр варзишгари Федератсияи Россия Ирина Злобина зинаи аввал, Гуландом Исломова аз Ҷумҳурии Ӯзбекситон мақоми дуюм ва Виктория Островская аз дастаи Белорус ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Мукофотҳоро ба ғолибон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тақдим намуданд.

278279280282

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд то санаи 25-уми июн идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.
А. Шарифов, Х. Солихов




Рӯйдодҳо

  • Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

    Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои ....

    10.08.2020 16:37
  • Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

    Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим ....

    10.08.2020 11:39
  • Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    10.08.2020 10:47
  • Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.08.2020 10:45
  • Боздошти зани 47-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи ....

    10.08.2020 10:43
  • 08.08.2020 11:08
  • Қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи ....

    08.08.2020 10:49
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 38-солаи сокини ....

    08.08.2020 10:48
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳритус

    Санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа, ронандаи ....

    08.08.2020 10:47
  • Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад

    Имрӯз дар раванди амалишавии барномаҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои ....

    08.08.2020 10:45
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика