Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти бародарон дар гӯштини миллии ҷумҳуриявӣ

Дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни ҷавонон, ки рӯзҳои 25-26-уми майи соли 2019 дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе (Манеж) доир гардид, варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ иштироки фаъолона намуда, чандин мақоми ифтихориро ишғол намуданд. Аз ҷумла, бародарон Назриевҳо: Шарифҷон дар вазни 100 кило ва Давлатҷон дар вазни беш аз 100 кило мақоми аввали мусобиқаро ба даст оварданд.
Бояд қайд намуд, ки ин варзишгарони ҷавону умедбахш фарзандони корманди Вазорати корҳои дохилӣ, устоди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини Самбо, полковники хизмати дохилӣ Хайрулло Назриев мебошанд, ки номбурда фарзандони худро аз хӯрдӣ дар самти машғул гаштан ба варзиш, сайқал додани маҳорату хислатҳои тобоварию далерӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстию меҳанпарварӣ тарбия ва ҳидоят менамояд.
Х. Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика