Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои шашкаю шоҳмот бахшида ба «Рӯзи ҷавонон»

234

Рӯзи 22-юми майи соли 2019 дар толори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон», мусобиқаҳои шахсӣ-даставӣ аз намуди шашка ва шоҳмот миёни кормандони Сарраёсат, Раёсат ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ таҳти шиори «Шашкаю шоҳмот барои таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ» доир гардид.
Мусобиқаҳо байни мардон ва занон дар алоҳидагӣ сурат гирифта, дар он 20 даста бо теъдоди беш аз 100 варзишгар иштирок намуданд.
Мусобиқаҳо ба таври даврӣ тибқи қоидаҳои варзиши дахлдор гузаронида шуда, рафти онро доварони варзидаи сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳогузорӣ намуданд. Пас аз нишон додани қувваю маҳорати зеҳнӣ ғолибони инфиродӣ муайян гардида, аз натиҷаи ғолибияти бадастовардаи варзишгарон ғолибони даставӣ муайян гардиданд.

235

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи шоҳмот миёни бонувон ҷойи 1-умро Ширин Ризозода аз дастаи Академияи ВКД, ҷойи 2-юмро Адолат Бухоризода - корманди Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД ва ҷойи 3-юмро Фирӯза Одинаева аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот байни мардҳо Мирзо Маҳмудзода корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил мақоми аввал, Рамазон Шарифзода аз Академияи ВКД мақоми дуюм ва Худойназар Асоев намояндаи Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Мусобиқаи шашка низ хеле ҷолибу диданӣ гузашт. Дар ин намуди варзиш миёни бонувон Лола Исмоилова аз дастаи Академияи ВКД зинаи аввал, Нозанин Хисравзода варзишгари ШҶ “Динамо” зинаи дуюм ва Озода Саидова аз Академияи ВКД мақоми сеюмро аз худ намуданд.
Дар байни мардҳо баъди рақобатҳои зиёд, корманди Сармаркази иттилотӣ-таҳлилии Вазорат Ҳофиз Хуҷасаидов тавонист, мақоми аввали мусобиқаро соҳиб гашта, ҷойҳои дуюму сеюм мутаносибан насиби Саид Қурбонзода аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Хисрав Солиҳов намояндаи ШҶ “Динамо”-и ВКД гардиданд.

236237

Ғолибони даставии мусобиқа бошад, дастаи Академияи ВКД соҳиби ҷойи якум, дастаи Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ҷойи дуюм ва дастаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорат соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар хотима, дастаҳои ғолиб аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо Ҷому диплом ва ғолибони инфиродӣ бо медалу Ифтихоронома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мукофотҳоро дар маросими тантанавӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД Аслиддин Шоҳиён супорид.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика