Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

212

Мусобиқаҳои варзишӣ, ки тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи ВКД дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқӣ-демокартии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимӣ-касбӣ идома дошт, рӯзи гузашта ҷамъбаст гардид. 

Дар чорабинии ҷамъбастии мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонон», таҳти шиори «Варзиш барои ҳаёти солим ва зидди нашъамандӣ» намояндагони ВКД, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов иштирок намуданд. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар намуди футболи хурд, волейбол, тениси рӯи миз, шашкаву шоҳмот ва варзиши сабук бо Ҷом, медал, ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

213214

Дар маросими ҷамъбасти мусобикаҳои варзишӣ Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода А.А. ғолибони мусобиқаро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик гуфта, зикр кард, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, тарғиби ҳаёти солим ва ҳамдилии ҷавонон мусоидат мекунад.
Абдулло Шоҳиён
Эҳсон Абдуллозода
Дилшод Холов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика