Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Медали тиллоии курсант дар Чемпионати Осиё

188

Сол аз сол беҳ гардидани шароитҳои машғул гаштан ба варзиш дар ҷумҳурӣ, дастгирии варзишгарон ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ба варзишгарони кишвар барои нишон додани маҳорату малакаи варзишии худ ва барафрохтани Парчами Миллӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи хубе муҳаё намудааст.
Вобаста ба ин, курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Азиз Ҳусейн чемпионати Осиё аз намуди муҳорибаҳои тан ба тан «КУДОВА К-ЯК», ки рӯзҳои 25-27-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷои аввал ва сохиби медали тиллои мусобиқа гардид.
Ғолибро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе омӯзгорону ҳамкурсон, дӯстону наздиконаш дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифтанд.
Х.Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика