Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои таеквондочиёни “Динамо” дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ

202

Рӯзҳои 26-28-уми апрели соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Таеквондо (WT) байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд. Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ беш аз 400 нафар варзишгарон иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.
Варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии варзишӣ ширкати фаъол варзида, дар маҷмӯъ ба 14 мақоми ифтихорӣ ноил гардиданд.
Таеквондочиён Умедҷон Сайфуллоев - мураббии дастаи варзишии қисми низомии 5453 Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар байни калонсолон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Ҳамчунин, аъзоёни дигари дастаи «Динамо» миёни наврасону ҷавонон Фараҳнуш Хуморова дар вазни 44 кило, Самираи Шамсулло дар вазни 23 кило ва Абубакр Қодиров дар вазни 29 кило мақомҳои аввалро ба даст оварданд.
Варзишгарони дигар Омина Неъматова дар вазни 44 кило, Муҳаммад Тухтасинов дар вазни 37 кило ва Абдулло Олимов дар вазни 32 кило ҷойҳои дуюми мусобиқаи кушодро ишғол намуданд.

203

Ҳамин тариқ, миёни ҷавонону наврасон Шӯҳрат Тухтасинов дар вазни 49 кило, Бахтовар Хуррамов дар вазни 45 кило, Баҳриддин Разоқов дар вазни 41 кило, байни хурдсолон Аниса Шарипова дар вазни 26 кило, Анушервон Мусоев дар вазни 29 кило ва Меҳринигор Шарипова дар вазни 20 кило ҷойҳои сеюмро соҳиб гардиданд. Амир Сатторов бошад, дар намуди даставӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукотӣ бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Х.Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика