Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон»

194

Варзиш беҳтарин омили сиҳативу болидагии рӯҳу равони инсон буда, боиси ифтихори миллат ва дӯстии халқҳо мебошад. Варзишгарон номбардорони Ватану миллати хеш буда, туфайли ҳунару истеъдоди онҳо Парчами миллӣ дар саросари олам парафшону баланд бардошта шуда, Суруди миллӣ садо медиҳад.
Хушбахтона варзишгарони тоҷик солҳои охир ба дастовардҳои беназир ноил гардида, дар тамоми намудҳои варзиш ҷоизадору ғолибони мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳониву байналмилалӣ гардида истодаанд.

196195

Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ ба ин ҷода диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳамасола варзишгарон - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар риштаҳои гуногуни варзиш соҳиби ҷоизаву унвонҳои фахрӣ мегарданд.
Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта бо ибтикори роҳбарияти ВКД дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» таҳти шиори «Варзиш барои ҳаёти солим ва зидди нашъамандӣ» доир карда шуд, ки дар ин чорабинӣ варзишгарон аз намуди волейбол ва футболи хурд аз Литсейи техникии шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи милитсия ва дигар муассисаҳо иштирок карда, байни ҳам қуваозмоӣ намуданд.

196198

Аз ҷониби намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ба ғолибон «Сипоснома», «Ифтихорнома» ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дилшод ХОЛОВ, Абдулло Шоҳиён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика