Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳунарнамоии кикбоксчиёни наврасу ҷавон

145

Федератсияи Кикбоксинги Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кӯдакону наврасон ва ҷавонони солҳои таваллуди 2000-2009 мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба «Кикбоксинг» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» доир намуд, ки дар он ҷиҳати ширкат кикбоксчиён аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ даъват шуда буданд.
Мусобиқа санаи 7-уми апрели соли 2019 дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чунин як чорабинии варзишии сатҳи баланд тарғиби варзиши намуди «Кикбоксинг» дар байни варзишгарони хурдсол, наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии онҳо дар ин риштаи варзиш, бо роҳи варзиш саҳм гузоштан дар пешгирии даст задани наврасону ҷавонон ба ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстию рафоқат миёни онҳо мебошад.

147147148

Дар мусобиқа дастаҳо аз клубҳои варзишии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, ноҳияҳои Ёвону Фархор ва шахсони хоҳишманд бо теъдоди 70 варзишгар иштирок намуда, варзишгарон дар маҷмӯъ дар 17 дараҷаи вазн баромад намуданд.
Тартиб ва қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи «Кикбоксонг»-и байни кӯдакон, наврасону ҷавонон мутобиқи қоидаҳои байналмилалии «WKF» (Федератсияи умумиҷаҳонии кикбоксинг) гузаронида шуда, вақти раундҳои (даврҳои) он барои кӯдакон 2-раунд 1,5дақиқагӣ, наврасон 3-раунд 1,5 дақиқагӣ ва ҷавонон 3-раунд 2 дақиқагӣ ҷудо карда шуда буд.
Варзишгарони наврасу ҷавони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мусобиқа иштироки фаъолона намуда, дар маҷмӯъ 2 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Натиҷаи ғолибияти динамочиён чунин аст: дар вазни 21 кг Билол Шоев ва Шукур Мазитов дар вазни 49 кг ҷойҳои якум, Парвиз Назаров дар вазни 57 кг, Дилшод Маҳмудов дар вазнҳои 60 ва 63 кг ҷойҳои дуюм, Фахриддин Шоҳиён дар вазни 27 кг, Абубакр Раҳмонов дар вазни 30 кг, Қурбоналӣ Шералиев дар вазни 33 кг, Абдуносир Муҳаммадиев дар вазни 44 кг ва Ҷаҳонгир Ҳамидов дар вазни 51 кг ҷойҳои сеюми мусобиқаро соҳиб гардиданд.
Натиҷаи даставӣ нишон дод, ки варзишгарони дастаи ноҳияи Фархор пешсафи мусобиқа буда, мақоми аввалро ишғол намуданд. Дастаҳои «Динамо»-и ВКД ва «Глория»-и шаҳри Душанбе ҷойҳои дуюму сеюмро аз худ намуданд.

149150

Ғолибони даставӣ бо Ҷом, медалу Ифтихорномаҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Х.Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика