Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи гӯштини Самбо барои дарёфти ҷоизаи Саймаҳмуд Маҳмадрасулов

136

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандӯстии варзишгарону кормандони ҷавон, такмили малакаю маҳорати варзишӣ ва устувор намудани робитаҳои дӯстию рафоқат 6-уми апрели соли 2019, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб» мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини Самбо байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи собиқ муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустаъфӣ, устоди шоистаи варзиш ва корманди шоистаи ҷумҳурӣ Маҳмарасулов Саймаҳмуд баргузор гардид.

137137

Мусобиқа мутобиқи талаботи қоидаҳои байналмилалии «FIAS» (Федератсияи байналмилалии Самбо) ба тарзи хориҷшавӣ (олимпӣ) гузаронида шуда, дар он гӯштингирони мақомоту идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз рӯи 8 дараҷаи вазн қувваозмоӣ намуданд.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ 22 даста бо теъдоди 110 варзишгар ширкат варзиданд.

139141140

Пас аз рақобати варзишгарон дар чанд марҳилаи сабқат, ғолибони онро доварони майдон муайян намуданд, ки чунинанд:
- дар вазни 57 кг Иброҳим Абдуллоев (ш.Душанбе) ҷойи аввал, Саидислом Назриев (ш.Кӯлоб) ҷойи дуюм, ду ҷойи сеюмро Сомон Аламов (ш.Ваҳдат) ва Эҳсомдин Исмонов (ш.Душанбе) ба даст оварданд;
- дар вазни 62 кг Сорбон Латипов (ш.Кӯлоб) мақоми аввал, Суҳроб Исматов (ш.Душанбе) мақоми дуюмро касб намуда, ду ҷойи сеюм насиби Қуқаншоев М. (ш.Душанбе) ва Азимҷонов А. (ш.Ваҳдат) гардиданд;
- дар вазни 68 кг ҷойҳои ифтихориро Зафар Алиев (МҶМОВ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)) ҷойи якум, Сорбон Сулаймонов (МҶМОВ) ҷойи дуюм, Ҷаҳонгир Авазов ва Муҳамад Гуреззода (ҳар ду аз ш.Кӯлоб) ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд;
- дар вазни 74 кг Сайридин Шоев (Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ) зинаи аввал, Дилшод Сафаров (МҶМОВ) зинаи дуюм, Давлат Зиёратшоев (Вазорати мудофиа) ва Иброҳим Алиев (Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ) ҷойҳои сеюмро мушарраф гардиданд;
- дар вазни 82 кг Ҳақназар Назаров (ш.Ҳисор) мақоми аввал, Давлатманд Изатуллоев (ш.Кӯлоб) мақоми дуюм, Рустам Хоҷаев (ш.Душанбе) ва Комрон Хоҷаев (Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ) зинаҳои сеюмро мутаносибан соҳиб гардиданд;
- дар вазни 90 кг Зафар Олимшоев (Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ) ҷойи аввал, Исфандиёри Хайриддин ҷойи дуюм, Алибек Бозоров (Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ) ва Фирдавс Резвонзода (ш.Душанбе) ду мақоми сеюмро шарафёб гардиданд;
- дар вазни 100 кг Худобахш Расулов (Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ) ҷойи якум, Маликшо Шошаев (ш.Душанбе) ҷойи дуввум, Дилшод Холназаров (Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ) ва Суҳроб Насриддинов (Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ) зинаҳои сеюми мусобиқаро ишғол намуданд;
- дар вазни беш аз 100 кг бошад, Суҳроб Муҳаммадиев (ш.Ваҳдат) мақоми ифтихории аввал, Алидод Раупов (Вазорати корҳои дохилӣ) мақоми дуюм, Сайнуриддин Камолов (Вазорати корҳои дохилӣ) ва Ҳайдар Эмомов (Хатлон) ҷойҳои сеюмро соҳиб гардиданд.

142143144

Ҳамин тариқ, аз натиҷаи қувваозмоиҳо ва ғалабаҳои бадастовардаи гӯштингирон дастаи варзишгарони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввал, дастаи шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва дастаи Хатлон-2 (ш.Кӯлоб) мақоми сеюми мусобиқаро ишғол намуданд.
Ба ғолибони мусобиқа, аз ҷониби кумитаи тадорукотӣ Ҷом, диплом, медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки чунин мусобиқаи сатҳи баланд ва ҷолиб соли сеюм аст, ки дар рӯзи зодрӯзи варзишгари номвар Саймаҳмуд Маҳмадрасулов доир мегардад. Барои табрики соҳибҷашн дӯстону наздикон, ҳамкорони собиқу шогирдони дар роҳи варзиш тарбиянамудааш ҷамъ омада буданд.
Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корхои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, сардори Раёсати инкишофи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров, раиси Федератсияи самбои Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатмурод Наҳтуллозода, нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад баромад намуда, дар баробари табрику таманниёт, аз хизматҳои Саймаҳмуд Маҳмадрасулов дар ҷодаи варзиш ёдовар гардиданд.
Қайд гардид, ки устоди шоистаи варзиш Саймаҳмуд Маҳмадрасулов, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо байни устодон ва кормандони политсия буда, дар рушди варзиши гӯштини Самбо, такмили тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби ҳаёти солим дар ҷомеа, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ саҳми арзанда дорад. Натиҷаи заҳматҳои ӯро дар дастоварду унвонҳои бешумор ва шогирдони зиёди номбардори кишвар мебинем, ки пайваста дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун иштироки фаъолона намуда, ҷойҳои фахриро сазовор мегарданд.
Ҳоло ҳам, Саймаҳмуд Маҳмадрасулов лаҳзае аз варзиш дур набуда, ҳамеша дар иҳотаи шогирдону ҳамкасбон ва варзишгарон дар пайи беҳбудбахшӣ, пешравию ободии ин диёр аст. Зеро тавассути варзиш ва ҳаёти солим дар дили ҷавонон метавон умеди ояндаи дурахшонро ҳувайдо сохт, ҳисси Ватандӯстию меҳанпарастиро тақвият бахшид, ба арзишҳои миллию давлатдории тоҷикон арҷ гузошта, ҳурмату эҳтироми калонсолон, пирону муҳтоҷон ва қадри якдигарро донист.
Бешак, варзиш имрӯзҳо дар кишвар хусусияти оммавӣ пайдо мекунад, хурду калон дар ҷумҳурӣ беш аз пеш ба намудҳои мухталифи варзиш ҳавас пайдо менамоянд, варзишгарони мо дар арсаи байналмилалӣ мақомҳои ифтихориро касб менамоянд, ки ин ҳама зина ба зина амалӣ гардидани ҳадафҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат дар самти рушди варзиш ва солимгардонии ҷомеаро нишон медиҳад. Солимии ҷомеа замина ба пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёт мебошад.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика