Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъолонаи динамочиёни гӯштингир

125

Варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар риштаи гӯштини миллӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида иди байналмилалии Наврӯз иштироки фаъолона намуда, чандин мақомҳои фахриро ишғол намуданд.
Рӯзи 18-уми март дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар вазни 100 кг Фирдавс Насимов ҷойи 1-ум ва Шарифҷон Назриев ҷойи 2-юм, дар вазни беш аз 100 кг Одил Сафаров ҷойи 2-юм, Фурқат Назриев ҷойи 3-юм, дар вазни мутлақ Фурқат Назриев ҷойи 2-юм ва Фирдавс Насимов ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.
Рӯзи 24-уми март барои Ҷоми пойтахт дар шаҳри Душанбе дар вазни то 100 кг Фирдавс Насимов ҷойи 2-юм, Шарифҷон Назриев ҷойи 3-юм, дар вазни беш аз 100 кг Одил Сафаров ҷойи 1-ум, Абубакр Раҳмонов ҷойи 2-юм ва Шоҳрух Шайхов ҷойи 3-юм ва дар вазни мутлақ Фирдавс Насимов ҷойи 2-юм ва Шарифҷон Назриев ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон, ки дар шаҳри Душанбе 23-24 марти соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид, 5 нафар аъзои ШҶ «Динамо»: Ҷасур Аюбов дар вазни 72 кг ҷойи 1-ум, Бахтиёр Нағзибеков дар вазни 55кг, Дилшод Нағзибеков дар вазни 60 кг ҷойҳои 2-юм ва Рӯзадор Ҷӯганиев дар вазни 63 кг ва Фаррух Муратов дар вазни 67 кг ҷойҳои 3-юмро соҳиб гардиданд.

126127

Мавриди зикр аст, ки динамочиён дар чорабиниҳои дигари бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баромад намуда, бо маҳорати волои гӯштингирии худ, чандин мақомҳои ифтихориро ба даст оварда, бо туҳфаҳои арзишноки ташкилкунандагони чорабиниҳо сазовор гардиданд.

Х. СОЛЕҲОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика