Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи кушоди шиноварӣ

107

Имрӯз (28.03.с.2019), аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳавзи шиноварии Маҷмааии варзишии ШҶ «Динамо» мусобиқаи кушоди шиноварӣ байни кормандони корхонаю идораҳо, варзишгарони ҷавону навраси мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» баргузор гардид, ки дар он 15 даста ва беш аз 80 нафар варзишгар иштирок намуданд.

Мусобиқаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф тарғиби варзиши шиноварӣ дар ҷомеа, тарзи ҳаёти солим, такмили маҳорати варзишгарон ва хотирмон ҷашн гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз мебошад.

108109112110113

Мусобиқа байни варзишгарон дар намудҳои тарзи озод, батерфлай, пуштнокӣ ва брасс ба масофаҳои 25 ва 50 метрӣ миёни занону духтарон ва ҷавонон дар алоҳидагӣ гузаронида шуд.

Аз натиҷаи мақомҳои ғолибияти варзишгарон дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи аввал, дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастпарварони Мактаби варзишии маҳорати олии варзишии №4 шаҳри Душанбе мақоми сеюмро ишғол намуданд.

114115116117

Ғолибони мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукотӣ бо Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок мукофотонида шуданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика