Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқа таҳти шиори «Варзиш - рафоқату дӯстӣ» дар минтақаи Рашт

102

Вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ марҳилаи дуюми мусобиқаи футболи хурд таҳти шиори «Варзиш - рафоқату дӯстӣ» барои дарёфти Ҷоми Наврӯзӣ-2019 байни дастаҳои наврасону ҷавонони минтақаи Рашт баргузор гардид.

Дар мусобиқа ғолиби марҳилаи аввал - дастаи ҷавонони Донишгоҳи омӯзгории Точикистон дар ноҳияи Рашт бо дастаи ҷавонон аз ноҳияи Тоҷикобод вохӯрӣ намуда, дастаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соҳиби рохҳат барои иштирок дар марҳилаи сеюм ва рафтан ба шаҳри Душанбе гашт.

103104105106

Ҷойи дуюм насиби дастаи ноҳияи Тоҷикобод ва ҷои сеюмро дастаи наврасони ноҳияи Сангвор ишғол намуданд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолона аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо медалу Ифтихорномаҳо, дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика