Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мусобиқаҳои ҷолиби варзишӣ дар майдончаҳои навбунёди пойтахт

90

Рӯзҳои аз 22 то 26 марти соли 2019, дар партави амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушд ва оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби ҳаёти солим дар ҷомеа, таҳкими дӯстӣ, сулҳу оромӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷониби масъулини Вазорати корҳои дохилӣ дар майдончаҳои варзишие, ки аз ҷониби Вазорат бунёд гардидаанд, дар маҳаллаҳои (микрорайонҳои) 33, 46, Испечак ва кӯчаи Асадулло Ғуломови пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ, аз намудҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, гандбол, тенниси рӯи миз, шашка ва шоҳмот байни наврасону ҷавонон доир карда шуданд.

9192

Мусобиқаҳои варзишии мазкур бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» таҳти шиори «Баҳри пешрафту ободии Ватани азиз омода бошем!» ба роҳ монда шуда буд. Дар ҳар маҳаллаҳои зикргардида чорабиниҳои варзишӣ дар алоҳидагӣ ташкил карда шуда, ғолибони онҳо дар даври ниҳоӣ барои дарёфти ҷоизаи асосии мусобиқа – Ҷом бо ҳам рақобат намуданд. Барои иштирок дар мусобиқаҳо наврасону ҷавонони сокинони маҳаллаҳои наздик, инчунин варзишгарони навраси мактабҳои варзишӣ ҷалб карда шуда, бозиҳои ҷолиби онҳо мухлисони зиёдеро ҷамъ оварда тавонист.
Дар мусобиқаҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва гандбол аз 4 то 10 дастаҳои наврасон ташкил карда шуда, байни ҳам рақобат намуданд. Дар варзиши тенниси рӯи миз, алалхусус дар шашка ва шоҳмот иштирокчиён нисбатан зиёдтар буда, дар баробари писарбачаҳо духтарчаҳои наврас низ фаъол буданд.
Аз натиҷаи бозиҳо дар ҳар намуди варзиш аъзоёни ҳакамон ғолибони мусобиқаро - даставӣ ва ҳам шахсиро муайян намуданд. Хурсандию нишоти варзишгарони ғолибро ҳадду канор набуд, дар дили онҳо шӯълаи умеди ғолиб омада тавонистан ва имкони бори дигар санҷидани маҳорати варзиши интихобкардаашон пайдо гардида буд.

9394959697

Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мукофотҳоро муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ва дигар шахсони расмӣ супориданд.
Зимни суханронии баромадкунандагон қайд карда шуд, ки ҷавонону наврасони кишвар ояндаи давлату миллати хеш буда, баҳри ободию пешрафти диёри хеш ҳамеша саҳмгузор бошанд, муҳофизатгари ояндаи марзу буми Ватани хеш гарданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, мусоидат ба робитаҳои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, такмили маҳорати варзишӣ ва пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуб мебошад.

9899100101

Беҳудагардию фориғболӣ аз дарсу донишомӯзӣ оқибати хуб надошта, маҳз тавассути таҳсил, илмомӯзӣ, варзиш ва умуман меҳнату машаққати поквиҷдонона шахс метавонад, ба мартабаҳои баланд ноил гардида, дар ҷомеа сазовори ҳурмату эҳтиром гардад.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд захми намудани ноболиғи 17-сола

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ноболиғи 17-солаи сокини ....

    15.07.2020 10:29
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби марди 37-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.07.2020 10:28
  • Аксия бо номгуи “Ҳимоя аз бемории Ковид- 19”

    Аксия бо номгуи “Ҳимоя аз бемории Ковид- 19” дар ноҳияи ....

    15.07.2020 08:01
  • 14.07.2020 17:14
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    14.07.2020 10:26
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 27-солаи сокини ....

    14.07.2020 10:24
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби зани 43-сола

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    14.07.2020 10:23
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара ва ....

    Рӯзи 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа ронандаи ронандаи ....

    14.07.2020 10:19
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ ....

    13.07.2020 08:38
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва шаҳри ....

    Рӯзи 11-уми июли соли 2020, тахминан соати 4:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    13.07.2020 08:36
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика