Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд бахшида ба Иди Наврӯз

21

Варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният аҳамияти хоса дошта, он яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солими ҷомеа мебошад.
Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва нақша-чорабиниҳои РВКД дар вилояти Хатлон, бо мақсади рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, бахшида ба пешвози Иди байналмилалии Наврӯз байни кормандони Дастгоҳи марказии раёсат, Шуъбаҳои вазорати корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар ҷузъу томҳои милитсияи вилоят мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд ташкил ва гузаронида шуд.

2322

Мусобиқа 15-рӯз давом карда, дар он 20-даста байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуда, ҳар кадом даста аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Дар натиҷаи баргузории мусобиқаи мазкур, дастаи футболбозони РВКД дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал, ШВКД дар ноҳияи Хуросон сазовори ҷойи дуюм ва дастаи футболбозони ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун сазовари ҷойи сеюм гардиданд.

24

Дар ин мусобиқа футболбози беҳтарин, беҳтарин зарбазан, дарвозабони беҳтарин муайян гардида, аз ҷониби роҳбарияти Раёсат бо Диплому Ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика