Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти варзишгарон дар мусобиқаи сангбардорӣ

53

13-уми марти соли 2019, дар варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди сангбардорӣ байни воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор карда шуд.
Дар мусобиқа беш аз 60 нафар варзишгарони сарраёсат, раёсат, хадамотҳо ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуда, дар панҷ вазн қувваозмоӣ намуданд.

4950

Бояд қайд намуд, ки ин намуди варзиш таърихи хеле куҳан дошта, дар иду ҷашнҳои мардумӣ, алалхусус зимни таҷлили Наврӯзи Аҷам дар баробари бандкашӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, тирандозӣ ва ғайра хеле маъмул аст. Сангбардорӣ аз варзишгар ҳунару маҳорат, омодагӣ ва нерӯи зиёд талаб мекунад. Дар мусобиқаи мазкур, иштирокчиён қувваю маҳорати сангбардории худро бо санги 24 килоӣ санҷиданд. Пас аз бардоштани санг дар ду давр, даври аввал бо як даст ва даври дуюм бо ду даст ду санг, ҳакамони мусобиқа сангҳои бардошта ва холҳои бадастовардаи варзишгаронро дар маҷмӯъ ҳисоб намуда, тибқи тартиби қоидаҳои байналмилалӣ ғолибонро муайян намуданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни то 60кг Шукрулло Табаров –корманди Раёсати алоқаи Вазорат бо 17 маротиба бардоштани санг ҷойи аввал, ҷойҳои дуюму сеюмро Муҳаммад Раҳимов намояндаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва Азиз Саидов аз Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ишғол намуданд.
Дар вазни 70кг бо 75 хол Абдуҷаббор Аҳмадзода – корманди Ротаи махсуси зудамали милитсия мақоми аввал, Манучеҳр Камолзода –корманди Раёсати алоқа ҷойи дуюм ва Рустам Қурбонзода ҷойи сеюми мусобиқаро соҳиб гардиданд.

5152

Рақобат дар вазни 80кг низ хеле пурҷӯшу хурӯш буд, чун дар ин дараҷаи вазн варзишгарон нисбатан зиёдтар буданд ва ҳар яке мехост ғолиб шавад.
Дар натиҷа, бо 125 холи умумӣ ҷойи аввалро Неъматулло Розиқов, корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ба даст оварда, ҷойи дуюм ва сеюмро намояндагони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ Ҳокими Миралӣ ва Наврӯз Саидов мутаносибан соҳиб гаштанд.
Дар вазни 90кг бо 122 холи умумӣ Шарофиддини Шамшод аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҷойи аввали мусобиқаро бо боварии комил мушарраф гардида, Киром Амонов корманди СХДО мақоми дуюм ва Рустам Охиров корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза» зинаи сеюмро ишғол намуданд.
Дар вазни мутлақ, яъне 100кг ва зиёда аз он, бо ба даст овардани 123 хол корманди СХДО Солеҳ Давлатзода ҷойи аввал, намояндаи дигари СХДО Алиҷон Алиқулов бо 117 хол мақоми дуюм ва Зиёвиддин Тоҳир корманди Раёсати қӯшунҳои дохилӣ бо 90 холи умумӣ мақоми сеюмро сазовор гардиданд.
Аз натиҷаи мақомҳои ишғолнамудаи варзишгарон ғолибони даставӣ низ муайян карда шуданд: ҷойи аввалро дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷойи дуюмро Раёсати қӯшунҳои дохилӣ соҳиб гашта, ҷойи сеюм насиби варзишгарони дастаи Раёсати алоқаи Вазорат гардид.
Дар маросими кушодашавии ин чорабинии варзишӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Аслиддин Шоҳиён баромад намуда, зимни суханрониаш аз ҷумла қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳои миёни кормандони воҳидҳои мақомот тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим, такмилу обутобёбиии ҷисмонии ҳайати шахсӣ буда, ҳамзамон таҳкими дӯстию рафоқат мебошад.

5455

Дар идомаи суханрониаш мавсуф зикр кард, ки «Нақши варзиш дар солимии ҳаёти инсон, якдилию муттаҳидӣ, пешгирии ҷинояткорӣ муҳим аст, махсусан барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо ин мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд ҷисман боқуввату чусту чолок ва ҳушёру зирак бошем ва баҳри Ватани азиз содиқона хизмат намоем».
Дар охир, ғолибони даставии мусобиқа бо Ҷом ва дипломҳо мукофотонида шуда, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо медал, Сипоснома, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

Хисрав Солиҳов, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика