Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи шашкаю шоҳмот дар шаҳри Хоруғ

42

Имрӯз дар толори муассисаи давлатии маркази тахсилоти иловагии ВМКБ чамъбасти мусобиқаи варзишӣ аз намуди шоҳмот, ки дар байни толибилмони муассисахои таълимӣ ва ҷавондухтарон бахшида ба «Рӯзи Модарон», ки бо ибтикори Вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва муовини якуми Вазири корхои дохилӣ, Сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А баргузор карда шуд, ҷамъбаст гардид.

4344

Дар маросими туҳфасупорӣ муовини Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Толехзода А. иштирок намуда, варзишгарони барои иштирок ва ишғол намудани чойҳои намоён дар ин сабқат табрику муборакбод намуд.
Дар натиҷаи ин мусобиқаи варзишӣ дар бозии намуди шоҳмот беҳтарин бозингарон, толибилмони литсейи «Оғохон» эълон карда шуда, ҷойи якум насиби Давлатова Миҷгона Шодиевна, ҷойи дуюм ба Бекназарова Карина Кишваровна ва ҷойи сеюмро Қурбоншоева Нурия Файзмамадовна ишғол намуданд, ки аз тарафи Роҳбарияти РВКД дар ВМКБ бо маблағи пулӣ ва Ифтихонома сарфароз гардонида шуданд. Барои иштирок ва фаъолияти хуб дар бозии шоҳмот ба дигар иштирокдорони мусобиқаи варзишӣ Ифтихорномахои Сардори РВКД дар ВМКБ тақдим карда шуд.

Далер Чоршанбе
Назарзода Ҳаким ВМКБ.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика