Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Динамочиён ба мусобиқаи идона роҳхат гирифтанд

22

Рӯзҳои 1-ум ва 2-юми март бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов мусобиқаи шаҳрӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон баргузор гардид. Дар он варзишгарони дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ фаъолона ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор шуданд.
Аз ҷумла, Бахтиёр Нағзибеков дар вазни 55 кг ба гирифтани ҷойи дуюм ва дар ҳамин вазн ҷойи сеюм ба Бобур Хушатов дода шуд. Дар вазни 60 кг ҷойи дуюм ба Дилшод Нағзибеков ва дар вазни 63 кг бошад, ҷойи сеюм ба Амриддин Орипов насиб гашт. Дар вазни 67 кг ба Фаррух Муратов, дар вазни 72 кг ба Аюб Ҷасуров, дар вазни 97 кг ба Фаридун Иброҳимов ҷойи дуюм ва зинаи сеюмро дар вазни 97 кг ба динамочӣ Хуршед Шавкатзода супориданд.
Варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардиданд, ба мусобиқаҳои наврӯзии имсола рохат гирифтанд.
Дар охир ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика