Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор намудани гуштини миллӣ дар ноҳияи Ванҷ

482

Рӯзи 30-юми сентябри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастигирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштини миллӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 220 варзишгар аз вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва гуштингирони наврас, 15-довар, 25-собиқадорони гуштини миллӣ ва 2000 нафар мухлисону ҳаводорони гуштин фаъолона иштирок намуданд.

483

Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби аъзои тадорукот маблағҳои пулӣ, тӯҳфаҳои қимматбаҳо ва 1-адад автомашинаи сабукрав тақдим карда шуд.
Ҳамин тариқ, паҳлавон Шошоев Муҳаммад соҳиби ҷойи аввал ва шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав гардид.
Паҳлавони ванҷӣ Шайхов Мақсад низ бо тӯҳфаҳои қимматбаҳо сарфароз гардонида шуд.
Дигар ғолибони мусобиқа, наврасон, доварон ва собиқадорони гуштини миллӣ низ бо тӯҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Тӯҳфаҳоро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ Ҷураев Ориф Олтинович ва муовини аввали раиси ШҶ «Динамо» подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ тақдим намуданд.

484485

Гӯштини миллиро доварон аз ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ доварӣ намуданд.
Арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор рафта, баргузории чунин чорабиниҳои миллии варзишӣ дар замири хурду бузург муҳаббат ба ин сарзаминро бештар мегардонад.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика