Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мусобиқаи шашкаю шоҳмот дар шаҳри Исфара

Рӯзи 25-уми августи соли 2017 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Исфара дар доираи баргузории чорабиниҳои кушоди шахсӣ-даставии варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва омӯзишӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Дафтари он дар шаҳри Душанбе, ки аз санаи 21-ум то 30-юми августи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалӣ гардид, мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ аз намуди шашка ва шоҳмот миёни ҷавонону наврасони шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳотҳои Навгилем, Чоркӯҳ, Сурх ва Шӯроби шаҳри Исфара баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Икромов Ибром, муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин, корманди Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД капитани милитсия Сафаров Манучеҳр, муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Отаҷонов Фарҳод ва ҳунармандони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид.
Ҷамъомади тантанавии варзиширо мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Икромов Ибром оғоз намуда, қайд кард, ки маҳз соли 2017 эълон шудани «Соли ҷавонон» далели равшани таваҷҷӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон аст.

Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон, ки санаи 22-юми декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли наврасу ҷавон буда, ба ин қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда қайд карданд: «Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлату миллатанд».
Имрӯз ҷавонони тоҷикро месазад, ки дар марҳалаи кунунӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат бо омилу дониш, аз худ намудани воситаҳои техникаи замонавӣ ва тарбия ёфтан дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо гузоранд.
Ман аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Исфара ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббус ва ташкилу гузаронидани ин мусобиқаи варзишӣ таҳти шиори «Ҷавонон ва варзиш - зидди нашъамандӣ» арзи сипос менамоям.
Сипас муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳамасола бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зиёда аз 40 маротиба чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ баҳри ривоҷу равнақ бахшидан ба соҳаи варзиш гузаронида мешавад. Имсол низ ин мусобиқаҳои варзишии баргузоргардидаистода яке аз чорабиниҳои муҳим ба шумор рафта дар устувор намудани пояҳои дӯстиву рафоқат, пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонону наврасон равона карда шудааст.
Дар идомаи чорабинии варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва омӯзишӣ муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Отаҷонов Фарҳод дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ташкилотҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирии ин вабои аср ва корманди Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД капитани милитсия Сафаров Манучеҳр оид ба омилҳои гирифторшавӣ, роҳҳои пешгирӣ ва бартарафнамоии нашъамандӣ, оқибатҳои маргбори ин зуҳуроти номатлӯб бо маърӯзаҳои таҳлилӣ баромад намуданд.

Чорабинии варзишии мазкур бо иштироки 400 нафар мухлисони варзиши шашкаву шоҳмот ва 76 нафар варзишгари ҷавону наврас доир гардид. Ин теъдоди варзишгарон 60 нафарашон дар мусобиқаи шашка ва 16 нафарашон дар мусобиқаи шоҳмот бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар мусобиқаи шахсӣ аз намуди шашка миёни духтарон ҷойи авалро Тухтаева Басоат ва ҷойи дуюмро Ғафорова Фариза сазовор гардиданд. Ҷойи сеюм бошад ба Турсунова Софияхон насиб гардид.
Дар ин навъи мусобиқа миёни писарон сазовори ҷойи аввал Тошхӯҷаев Мустафо дониста шуда, ҷойи дуюм ба Қаҳоров А. ва ҷойи сеюм ба Исмонов Хайрулло мушараф гардид.
Ҳамчунин дар мусобиқаи шахсӣ аз намуди шоҳмот бошад миёни духтарон ҷойи аввалро Муминова Замира ишғол намуд ва ба ҷойи дуюм бошад Шарипова Гулчеҳра лоиқ дониста шуд. Ҷойи сеюм насиби Раупова Мавзуна гардид.
Миёни писарон дар ин намуди мусобиқа ҷойи аввалро Муминов Шаҳобиддин ва ҷойи дуюмро Тошхӯҷаев Абдураҳмон ишғол намуданд ва ҷойи сеюм бошад ба Ҷӯраев Фирӯз насиб гардид.
Инчунин аз намуди мусобиқаи даставӣ ҷойи аввалро Мактаби варзишии №2, ҷойи дувумро Раёсати маориф ва ҷойи сеюмро Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара ишғол намуданд.

Дар фарҷоми мусобиқаи варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишии баргузоргардида ба ғолибони чорабинӣ муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Икромов Ибром ва муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Отаҷонов Фарҳод ба ғолибони мусобиқа Ҷом, медал, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.
Раҷаббек Илёсов, Душанбе-Суғд-Душанбе. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Нисбати зани 38-солаи сокини ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи ....

    27.11.2021 12:01
  • Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 36-солаи сокини ....

    27.11.2021 11:59
  • Даст ба ғоратгарӣ задани марди 32-сола

    Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 40-солаи сокини ....

    27.11.2021 11:55
  • Ҳолати қаллобӣ вобаста ба хариду фӯруши воситаи нақлиёт

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда ....

    26.11.2021 09:19
  • Ошкор шудани ҳодисаи дуздӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 24-солаи сокини ш.Душанбе ....

    26.11.2021 09:15
  • Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ дар Коллеҷи милитсия

    24-уми ноябри соли равон дар МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии ....

    25.11.2021 15:28
  • Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД ВМКБ

     Дар толори РВКД дар ВМКБ бахшида ба ҷашни «Рӯзи Парчами ....

    25.11.2021 15:21
  • Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    25.11.2021 14:36
  • Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ....

    25.11.2021 14:32
  • Варзишгарон парчамбардорони миллатанд!

    Рӯзи 24 ноябри соли 2021 дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ....

    25.11.2021 14:28
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Э ъ л о н!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзо шудан ба Шӯрои ....

    24.09.2021 17:41
  • Эълон!

    Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли ....

    11.09.2021 14:48
  • Таваҷҷӯҳ!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    01.09.2021 11:14
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    qonun5

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика