Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъолонаи таеквондочиён дар чемпионати ҷумҳуриявӣ

18-19-уми марти соли 2017 дар толори Қасри тенниси шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таеквондо WTF бахшида ба ҷашни «Наврӯзи байналмиллалӣ» байни калонсолон доир гардид, ки дар он беш аз 80 нафар таеквондочиён аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар ин чемионат 6 нафар варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти дастпарвари мураббӣ Хисрав Ғиёсов фаъолона ширкат варзида, чор нафари онҳо: Давлат Болтаев дар вазни беш аз 87 кило, Ширин Набиева дар вазни 63 кило, инчунин Шамсулло Қодиров ва Умед Сайдуллоев дар вазнҳои худ ҷойҳои аввалро ишғол намуданд.

Ғолибон бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Х. Солиҳов, Т. Латипов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика