Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими кушодашавии чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба таеквондо

Имрӯз, дар толори Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таеквондо WTF бахшида ба ҷашни «Наврӯзи байналмиллалӣ» байни калонсолон доир гардид.
Дар ин чорабинии тантанавӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Таеквондои Тоҷикистон, дигар муассисаҳои дахлдор, варзишгарону мураббиён ва меҳмонон иштирок доштанд.

Қайд гардид, ки варзиш ба насли ҷавон имкониятҳои васеи такмили ҷисмонӣ ва шахсиятро фароҳам оварда, дар пешгирии ҷинояткорию кирдорҳои номатлуб нақши муҳим мебозад.
Дар идомаи чорабинӣ бахши фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардида, ҳамчунин аз ҷониби варзишгарони навраси риштаи таеквондо намоиши тарзу усул ва маҳорати ин намуди варзиш дар сатҳи баланд иҷро карда шуд.
Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таеквондо WTF бахшида ба ҷашни «Наврӯзи байналмиллалӣ» байни калонсолон, тайи ду рӯз (18-19-ум марти соли 2017) идома ёфта, беш аз 80 нафар варзишгар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Аз рафти чемпионат иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х. Солиҳов, Т. Латипов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика