Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти сиёсӣ ва худшиносии миллӣ

247

Дар раванди шаклгирӣ, ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат, ҳодисаҳои муайяне рӯх медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд.

Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад.
Барои миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тоҷикистониён, истиқлолияти сиёсӣ, ки бузургтарин дастовард мебошад, дар фароварди асри 20 насиби он гардид. Маҳз истиқлолияти сиёсии мо, ки нахустин маротиба бо номи миллат ба он соҳиб гардидем, тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикистон, хосатан насли ҷавон, шуури миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсониро ташаккул диҳад.
Мафҳуми истиқлолият ба маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ тафсир гардидааст (Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷ.1. Душанбе.-2008.Саҳ.560).
Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳи бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд.
Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандуст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст.
Бо шаҳодати таърих, тоҷикон борҳо бо душманон ва истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки нерӯмандтарин қудрати замони худ будаанд, вале онҳо бо ҷасорату матонат, фидокории бемислу монанд, зиракию фаросати фитрӣ, тадриҷан ба даст овардани идораи мулк ва оини давлатдорӣ миёни абарқудратони мағлубнопазирро шикастаанд (Самиъзода Б.С. Муборизаҳои халқи тоҷик баҳри озодӣ ва истиқлолият. Душанбе.-2016.Саҳ.5).
Дар таърихи афкори сиёсӣ, мутафаккирони зиёдеро метавон қайд намуд, ки дар бораи масъалаи истиқлолият ибрози андеша намудаанд. Вобаста ба давраҳои таърихӣ ва шароити кишварҳои алоҳида, фаҳми истиқлолият ва шарҳу тавзеҳи он низ мухталиф арзёбӣ гародидааст, ки метавон андешаҳои Арасту, Т.Гоббс, Ж.Ж. Руссо, Жан Боден, Ҷон Локк ва дигаронро дар ин радиф зикр намуд.
Албатта, масъалаи истиқлолияти сиёсӣ ва таҳлилу тадқиқи ҳамаҷонибаи он дар шароити муосир ба муҳимтарин мавзӯи пажуҳиши илмию академӣ табдил ёфтааст. Бисёр падидаҳо ва равандҳои ҷомеа, аз инкишофи мутассили истиқлолияти кишвар бар меоянд. Истиқлолияти сиёсӣ, ки сатҳи олии истиқлол аст, бо масъалаҳои дигари тақдирсози давлатдорӣ робитаи ногусастанӣ дошта, яке дигареро комил мегардонанд (Зокиров Г.Н. Истиқлолияти сиёсӣ. Душанбе.2006.Саҳ.-7).
Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва Истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба Истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва асили худро аз даст додаанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ки «Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неруву тавон бахшидааст».
Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Ҷ.3.Душанбе.-2006. Саҳ 28). 
Бояд қайд намуд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ саҳифаҳои навину дурахшонро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик ифшо намуда, чароғи ҳидояти фардои дурахшони Тоҷикистон гардид.
Инчунин, Истиқлолияти давлатӣ дар назди ин миллати фарҳангофар масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди: ҳифзи Истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.
Мутаассифона ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Талошҳои сиёсии як зумра ашхоси мансабталаб, дахолату ғаразҳои сиёсии нерӯҳои дохиливу хориҷӣ боиси майдоншиниҳои тӯлонии ғайриқонунии мардум гардид.
Шиддати муқовиматҳои сиёсӣ торафт буҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро тезонида, боиси фалаҷ гардидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардида, заминаи пайдоиши гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ба дасти мардум афтодани силоҳи ғайриқонунии оташфишон гардид. Ин падидаҳои номатлуб ва барои миллати тоҷик беона кишвари тозаистиқлоли моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ намуд.
Гурӯҳҳо ва нерӯҳои сиёсӣ зикргардида дарк карда натавонистанд, ки ҳадафу арзишҳои Истиқлолият бояд бартару волотар аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ, ва шахсӣ қарор дошта, арзиши ин неъмати бебаҳо муқаддас ҳисобида шавад.
Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида, асоси давлатдории навинро гузошт, ки идораи он ба души фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар ин раванди ниҳоят мураккаб тавонист бори масъулияти пуштибонии Истиқлолият, таъмини сулҳу субот, амният ва оромии кишварро бар уҳдаи хеш гирад. 
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти зимомдориро бар уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месухт ва ба гирдоби нобудӣ фуру мерафт.
Шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд соҳиб гардидааст. 
Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, умедворию заковати мардуми бо нанги соҳибтамаддунамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 – уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, истиқлолияти давлатиро бозҳам устувор гардонид ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.
Имрӯз мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмиллалӣ хело боло рафта, дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми худро гузошта, ҳамзамон ташаббускор барои рафъи хатароти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд.
Дар барорбари ин дастовардҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки баҳри пойдории Истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон якқатор чорабиниҳоро аз ҷумлаи азнавсозии тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатиро амали созад.
Бояд гуфт, ки дар баробари дигар мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ низ якқатор такмилу аз навсозӣ сурат гирифта, ҳоло низ чунин раванд бо суръат идома дорад. 
Ҳамин тариқ, бо амали намудани чораҳои мазкур заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуд.
Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфои ватани азизамон содиқона хизмат намоему Истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем. Бо назардошти ин, аз ҳар фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпараст тақозо мегардад, ки бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи худ ҳар чи бештар заҳмат кашида, бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории милати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту сатҳи дониш ва маҳорату малакаи худ пешрафту ободии Тоҷикистонро ба таври арзанда таъмин намоем.
Итминони комил дорем, ки мардуми шарифу заҳматталаби тоҷику тоҷикистонӣ, бо шукронаи давлати озоду соҳибистиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушкилоти ба вуҷуд омадаро бо азму иродаи қавӣ ва кору фаъолият баротараф намуда, барои рушди иқтисодиёт шукуфои илму фарҳанг, таъмини суботу амният, таҳкимми қонуният ва истиқлолияти давлатӣ кӯшиш менамоем. 
Самиъзода Бахтиёр Салим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика