Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғулом Алиев

1240

Ғулом Алиев - 20 декабри соли 1915 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст — зоотехник-селексионер, ходими давлатӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1953), доктори илми кишоварзӣ (1965), профессор (1973), академики ВАСХНИЛ (1972), академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (1994), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1975), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).
Аз соли 1945 ба кори илмӣ пардохта, зоти нави гӯсфанди серпашму серравған ва сергӯшт – “гӯсфанди тоҷикӣ”-ро ба вуҷуд овард (1963). Муаллифи беш аз 350 асару мақолаи илмӣ ва чор монография доир ба масъалаҳои рушди минбаъдаи чорводорӣ ва беҳбуди сифати зоти чорво, бордоркунии сунъӣ, таҳқиқи физиологияи чорво дар шароити иқлими гарм, таҳлили зоотехникӣ ва беҳтар кардани манбаи хӯроки чорво мебошад.
Ҷоизаҳо
4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат; 8 медали давлатии ИҶШС; Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон; Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1975), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001).

https://tg.wikipedia.org/




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика