Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пӯлод Бобоҷонов

1239

Пӯлод Бобоҷонов (15 октябри соли 1930, Ӯротеппа) — ахтарфизикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика (1970), профессор (1973), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1973), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977).
Хатмкардаи Институти педагогии собиқ Ленинобод (ҳозира ш.Хуҷанд) ба номи С.М.Киров (1949) ва аспиранти Институти давлатии астрономии ба номи П.К.Штернберги Институти давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов (1950-53). Фаъолияти илмиашро дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ оғоз намуда, ба ҳайси ходими калони илмии расадхонаи ситорашиносӣ (1954) ва мудири шуъбаи астрономияи шиҳобӣ (1958) кор кардааст. Солҳои 1959-71 директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ, 1971—1984 ректори УДТ ба номи В.И.Ленин, 1984—1993 ноиби Президенти АИ ҶТ, 1992-2002 директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (дар айни замон директори фахрии он) буд. Аз соли 2003 мушовири Президиуми АИ ҶТ ва ҳамзамон мудири шуъбаи шиҳобҳои Институти астрофизикаи АИ ҶТ.
Ҷоизаву орденҳо:
Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», медали «Ситораи ИДМ» (2010) ва чандин медалҳо, аз ҷумла, медали ба номи С.И.Вавилов (1977), Ҷоизаи ба номи Ф.А.Бредихин (1989), Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.У.Умаров (2001) сарфароз гардидааст.
Ба шарафи Пӯлод Бобоҷонов сайёраи хурд — «Babadzhanov» (7164) номгузорӣ шудааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика