Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Қасри Арбоб то Пешвои миллат

661

Таърихи тамаддуни инсонӣ гувоҳ аст, ки ҳамаи низоъҳои байни давлатҳо ва муноқишаҳои дохилӣ ба шарофати мардони бохирад бо сулҳу салоҳ ва ваҳдат интиҳо ёфтаанд. Ҷанги таҳмилии тоҷикон, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқӯъ пайваст ва ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон хисороти зиёде ворид намуд, бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба анҷом расид. Аз лаҳзаи имзо шудани ин санади таърихӣ қариб 23 сол гузашта бошад ҳам, таҳқиқ ва пажӯҳиши сабабҳои муноқиша ва роҳҳои ба даст даровардани сулҳу салоҳи тоҷикон аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки «Мо – мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад… Мо бояд шукр кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидем».
Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи олам як қатор давлатҳои мустақил сабт гардиданд, ки дар байни онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол низ қарор дорад. Вале истиқлоли тозабадастовардаи мардуми мо бо як қатор сабабҳои объектививу субъективӣ ба оромию осудагӣ наовард. Сабаби асосии ҷанги таҳмилӣ дар он буд, ки сиёсати пешанамудаи давлати абарқудрати Шӯравӣ то андозае худхоҳона сурат мегирифт ва умдатарин тадбирҳои эҳёи суннатҳои аҷдодиву миллиро ба инобат намегирифт.
Баробари ин, бояд дигар сабабро низ, ки ин ҳам бошад тараққиёти иқтисодии ноҳамвору нодуруст ва яксамтаи ҷумҳуриамон вобаста донист. Ҷумҳурие, ки ҳамчун кишвари истеҳсолкунандаи маводи хом ба ҳисоб мерафт, дар асл ба молҳои ниёзи мардум эҳтиёҷи калон дошт ва вазъи зиндагиаш назар ба ҷумҳуриҳои дигар дар сатҳи хеле паст қарор дошт.
Ҳамчунин, худшиносиву бегонапарастӣ ва тафаккури дастнигарона доштани иддае аз роҳбарону зиёиёни мамлакат, ки танҳо ба гузаштаи хеш кӯр-кӯрона назар мекарданду худ баҳри шинохти хеш аз иҷрои ночизтарин иқдоми худшиносӣ хештанро барканор мекашиданд.
Бар замми ин ҳама нуқсонҳо, мавқеи ҷуғрофии мамлакатамон, ки дар сари чорроҳаи тамаддуни мухталифи давлатҳои хурду бузург қарор гирифта, аз қадимулайём бо табиати дилфиребу боигариҳои зеризаминии хеш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, орзуҳои хуфтаи деринаи тамаъҷӯёну судхоҳони берунаро бедор намуд ва эшонро бар он водор кард, ки ҷиҳати дастёбӣ ба ин мақсади нопоки хеш вориди арсаи сиёсат гарданд ва раванди ҳодисотро ба маҷрои хоҳиши худ бигардонанд.
Ҷанги таҳмилӣ оғоз гардида, дар андак муддат тамоми қаламрави қисмати ҷанубу маркази мамлакат – шаҳри Душанберо фаро гирифт. Кор ба ҷое расид, ки сухан аз будану набудан ва маҳву нобудии натанҳо як қисми кишвар, балки аз саҳифаи таърих хати батлон кашидани номи миллати тоҷик ва давлату давлатдории он ба миён омад.
Дар ин вазъи ҳассосу мураккаб неруҳои хайрхоҳ ва ватандори асилу миллатдӯсти воқеӣ муттаҳид гардида, баҳри ворастагӣ аз ин гирдоби бало тадбирҳои мушаххас андешиданд ва ба хулосае омаданд, ки бояд дар атрофи шахсияте гирд оянд, ки воқеан ҷонфидо ва дардошнои мардум бошад. Бо ин мақсад намояндагони мардум дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар Қасри Арбоб ҷамъ омаданд.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти бениҳоят ҳассос баргузор гардид ва намояндагони мардумӣ аз миёни иштирокчиёни иҷлосия ҷавонмарди 40-сола Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Сарварии ҷомеаро пазируфтан дар вазъияти басо муташанниҷ кори саҳлу осоне набуд. Чунки иҷлосияи мазкур дар давроне мегузашт, ки Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошт ва мамлакат дар гирдоби буҳрони нобасомониву гирдору парокандагӣ қарор дошт.
Андешае пеш меояд, ки чаро намояндагони мардумӣ маҳз ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таваққуф намуданд? Чанд омилу далелҳои мантиқиро барои ҷавоб ба ин савол метавон гуфт. Бояд ба инобат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат шахси тасодуфӣ набуданд, балки ба суханрониҳои пурмӯҳтавои худ миёни намояндагони мардумӣ ҳамчун сиёсатмадори асилу дурандешу дардошно ва меҳанпарасте, ки мушкилоти ҷомеаро амиқ эҳсос менамояд, мавқеи муайяну устувори худро дошт.
Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати самимона ва маърифати баланд байни намояндагони мардумӣ эҳтироми ҳамагонро сазовор гардида буд. Мавсуф бо ҳадафи дурбинона ва сиёсати пешгирифта ҳанӯз айёми ҷанги таҳмилии соли 1992 ба Бишкек сафар карда, ба доираи сиёсатмадории бузург роҳ ёфта, ҳатто бо сарварони мамолики ҳамсоя як ба як мулоқот намуданд ва вазъияти муташанниҷи кишварамонро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода буданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо қиёфаи нурониву чеҳраи ҷозибадори тоҷиконаи худ ва суханронии бомантиқ ва лаҳни шевояш мақбули омма гардида буданд. Маҳорати баланди суханварӣ ва афкору пешниҳодоти қобили қабулаш дар он даврони ҳассос таъсири зиёд дошт. Ҳанӯз дар лаҳзаҳои шадиди сангарнишинии мардум аз минбари баланди мақоми қонунбарори давлат – Маҷлиси Олӣ тарзу пешниҳоди заруриро ба намояндагони халқ иброз медошт ва ба ин васила мардуми гумроҳро ҳушдор медод, ки ҳеҷ гоҳ лӯхтаки дасти бегонагон нагарданд, чунки рӯзҳои нек дар пешанд.
Баробари ба сари ҳокимият омадан Эмомалӣ Раҳмон ва аз тариқи раъйдиҳии вакилони халқ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудан – ин шахсияти қавииродаву диловар ва фарзанди асили миллат ба таҳкими пояи фалаҷгардидаи давлати миллӣ иқдомоти ҷоннисорона ва хирадмандонаву меҳанпарастонае намуда, оташи хонумонсӯзу фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард.
Таҷрибаи ғании мардумпарварона доштани Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки баробари Сарвари давлат интихоб шудан, иброз намояд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».
Ҷасорати бемисли Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки бо ибтикори бевоситаи хеш ба яке аз мавзеъҳои бисёр ҳассоси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Хосдеҳ (10-11 декабри соли 1996) барои мулоқот бо роҳбари мухолифини мусаллаҳи тоҷик сафар намояд. Ин гуна шуҷоатмандиро Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар лаҳзаҳои ҳассос нишон дода, ба дили мардум роҳ ёфтанд. Барои истиқрори сулҳи деринтизор бо раҳнамоиву кӯшишу талошҳои пайгиронаи ин марди шарифу инсони наҷиб тайи се солу се моҳ – аз соли 1994 то 1997 бо мухолифин 21 маротиба музокироту гуфтушуниди расмӣ баргузор намуданд. Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷати таҳиягардида бо имзои шахсии худ раъйи хешро изҳор доштанд. Ҳамзамон, тавассути истифода бурдани консенсус ва созиш, эҳтироми ҳарифи сиёсӣ масъалаи ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиши гуноҳи ҳамдигар ба вуқӯъ пайваста, оқибат ба сулҳу ваҳдати воқеӣ замина фароҳам оварданд.
Дар роҳи пешгирифтаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тарафҳои даргирро ба ҳадафи умдаву асосӣ, ки боиси ваҳдату ифтихори миллист, ба ҳам пайванд бидиҳанд. Ин гуна тарҳандозии дурбинонаи созандагӣ омили ба вуҷуд омодани мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон гашт, ки қабат бар қабати аёну ноаёнаш худогоҳиву маърифатнокӣ ва бедориву худафрӯзӣ ва зиракии миллати тоҷик аст.
Эмомалӣ Раҳмон яке аз нахустин сиёсатмадоронест, ки бидуни дудилагӣ 48 вазифаи масъули давлатиро ба собиқ мухолифини хеш супурд. Тақрибан 7000 яроқбадасти Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик реинтегратсия шуда, ба неруҳои давлатӣ ҳамроҳ гардиданд, ки ин гуна муносибат намудан, пеш аз ҳама ба ҷомеа дӯсти асил будан, сарҷамъии тамоми мардумро хостан ва давлати миллии моро таҳким бахшидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бояд зикр кард, ки таҳкими пояҳои давлат дорои хусусиятҳои зерин мебошад: аввалан, таъсису тақвияти неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва ҳамзамон бо мақсади ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва таҳкими субот дар марзҳои кишвар аз шоистатарин иқдоми ин абармарди таърихофарин буда, шоҳиди қудрати бесобиқаи сиёсатмадории ӯст.
Баъдан, таъсиси ҳокимияти мустақили судӣ ва парлумони доимоамалкунанда далели суботи Президенти ҷумҳурӣ дар бунёди давлати воқеан демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, аз бебозгашту абадӣ будани самти интихобкардаи давлатдории ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Инчунин, таҳкими пояи иқтисодии мамлакат ва устувор гардондани бозори дохилӣ тавассути ба муомилот баровардани пули миллӣ, ки бо чеҳраҳои ҷовидонаи бузургмардони таърихи кишвар зинат ёфтааст, далели азми қавии ӯ дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст.
Баробари ин, дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадани роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва нишони эътирофи самимонаи роҳбарони бузургтарини давлатҳои дунё нисбат ба Президенти кишвари мо мебошад. Ва ниҳоят, қабули Барномаи иқтисодии аз камбизоатӣ баровардани мардум, мулоқоти ҳамасолаи Президент кишвар бо зиёиёни мамлакат, ки аз 20-уми марти соли 2001 шурӯъ гардида, то имрӯз идома дорад, ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Илова бар ин, рушди бемайлону босуботи чаҳор ҳадафи асосӣ – истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, таъмини бехатарии амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат ва саноаткунонии босуръат ҳамгиро ва амалии онҳо барои пешрафти муваффақонаи ҷомеа заминаи зарурӣ омода месозад. Дилбастагии амиқу аниқ ва муҳаббати бардавом доштан нисбат ба таъриху тамаддун боиси баргузории ҷашни пуршукӯҳи 1100-солагии бузургдошти давлати Сомониён, интишори силсилакитоби «Аз Ориён то Сомониён» (Тоҷикон дар оинаи таърих), таҷлили ҷашнҳои «2500-солагии Истравшани бостонӣ», «Соли тамаддуни ориёӣ», «2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб», «3000-солагии ҳисори Шодмон», «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» 5500-солагии Саразми бостон, солҳои рушди деҳот ҳунарҳои мардумӣ ва ба монанди ин боис гардид, ки шуҳрати тамаддуни миллати моро дар арсаи олам боз ҳам афзун гардонд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Сулҳ – маънии таърихи мо» зарурати умдаву побарҷои фарҳанги сулҳро дар бақову ҳастии миллатамон чунин таъкид менамояд: «Фарҳанги сулҳ самараи мувофиқати сентименталии тарафҳо нест, вай дар шароити фавқуллода мураккаб ба даст оварда мешавад. Дар ҷамъияти мо ҳанӯз низоми ҳамафарогири сулҳи миллӣ, масалан ба монанди аксари кишварҳои Аврупо, ки дар онҳо нақши асосиро низоми мураккаби иқтисод, сиёсат ва фарҳанг иҷро мекунад, бунёд наёфтааст».
Лозим ба тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об, балки дар масъалаи сулҳофарӣ низ мақоми Пешвои байналмилалиро дорост. Шоири халқии Доғистон Қаҳрамони меҳнат Расул Ғамзатов соли 2003 ба корномаҳои ҷовидонаи Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: «Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».
Роҳи тайкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он рӯзи муборак, яъне 19 ноябри соли 1992 то имрӯз пур аз аз комёбиҳои беназир ва басо шарафманду пурифтихор аст. Мухтасараш, аз қасри Арбоб то Арбоби барҷастаи сиёсии сатҳи байналмилалӣ ва то Пешвои муззами миллати мутамаддини тоҷик.
Акрамова Санавбар Хайруллоевна, доктори илмҳои таърих




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика