Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низом Қосим

1087

Низом Қосим пури Ҷаҳонгир - адиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV, Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Низом Қосим пури Ҷаҳонгир 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) таваллуд шудааст.
Cоли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси филолог-журналист хатм кардааст.
ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», корманди идораи тарғиботии Иттифоқи нависандагон, муҳаррири нашриёти «Адиб» ва сармуҳаррири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2006-2010 дар мансаби Директори муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон» кор кардааст.
Аз марти соли 2010 то соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Моҳи июни соли 2015 дар анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо аксарияти овозҳо Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. (бинобар ин, ӯ ваколати вакили МО ҶТ ба дигар нафар аз аъзои ҲХДТ - Саидқул Билолов супоридааст).
Бо медали «Хизмати шоиста», унвони Шоири халқии Тоҷикистон, медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон». Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика