Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тӯрақул Зеҳнӣ

1086

Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов) - шоир, адабиётшинос ва забоншинос, маорифпарвар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1892 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1905 аввал дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд, баъд соли 1918-1919 дар курси яксолаи таълим ва тарбия таҳсил кардааст.
Соли 1919-1925 муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ибтидоӣ ва муаллимтайёркунӣ, соли 1926 муҳаррири шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд, соли 1932-1936 муаллими забон ва адабиёти Техникуми педагогӣ, соли 1940-1945 муаллими забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ буд. Аз соли 1956 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон буд.
Фаъолияти эҷодии Зеҳнӣ ҳамчун шоир аз соли 1919-1920 оғоз ёфта, шеърҳояш дар маҷалла ва рўзномаҳои «Шўълаи инқилоб», «Дониш - биниш», «Роҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» чоп шудаанд. Ашъори ҳаҷвиаш бо имзоҳои мустаори «Мушфиқӣ», «Қўчқор», «Мулло» ва мақолаҳои танқидияш бо тахаллуси «Сомонӣ» ва «Рустам» дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Зеҳнӣ яке аз муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна буд. Аз ҷумла: «Омўзиш» (соли 1928, ҳамроҳи В.Маҳмудӣ), «Сарфи забони тоҷикӣ» (соли 1933, ҳамроҳи Б.Хоҷизода ва Л.Бузургзода), хрестоматияи «Таронаҳои бачагон» (соли 1927). Муҳимтарин асари адабиётшиносии Зеҳнӣ, ки барои донишҷўёни мактабҳои олӣ навишта шудааст, китоби «Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ» (соли 1963) ва нашри такмилёфтаи он «Санъати сухан» (солҳои 1970-1979) буда, ба санъатҳои маънавию лафзӣ ва вазни арўз бахшида шудааст.
Ӯ яке аз мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад. Соли 1963 аз «Баҳористон» ва «Ҳафт авранг» -и Ҷомӣ гулчине бо номи «Гулу сумбул» ва соли 1973 ба муносибати 2500-солагии Самарқанд китоби «Суханварони сайқали рўи замин»-ро ба чоп ҳозир кардааст.
Зеҳнӣ доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва советии тоҷик, роҷеъ ба илмҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва забоншиносӣ зиёда аз 200 мақолаи илмӣ навиштааст.
Тӯрақул Зеҳнӣ шахсияти камназир буд. Вай барои ҷамъоварии нусхаҳои қаламӣ аз аҳолӣ заҳматҳои зиёд кашидааст. Солҳои 1966-1970 барои пуррасозии хазинаи Шуъбаи дастхатҳои Шарқи Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ ва китобхонаи Институти забон ва адабиёти АИ борҳо ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро сафар кардааст. Аз ин сафарҳо вай бо китобҳое чун “Луғати Ҷаҳонгирӣ”, “Тоҷ-ул-масодир”, “Ҳафт авранг”-и Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва даҳҳо дастхатҳои нодири дигар баргаштааст.
Зеҳнӣ дар бораи Нақибхони Туғрал, устод Айни, Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Шоҳназар Соҳибов хотираҳои худро навиштааст, ки чанде аз он соли 1984 дар китоби «Чанд сухани судманд» ба табъ расидаанд. Зеҳнӣ тарҷумонӣ ҳам кардааст ва аввалин тарҷумаи “Шинел”-и Гогол маҳсули қалами ӯст.
Тӯрақул Зеҳнӣ шеър ҳам менавишт, вале ашъорашро дар ягон маҷмӯа гирдоварӣ накардааст.
Ў соли 1983 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 2007 бо ташаббуси духтари олим Фарруха Зеҳнӣ китоби хотираҳои дӯстон дар бораи олими барӯманд бо номи “Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон” чоп шуд, ки ба 115-солагии ӯ бахшида шуда буд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика