Рӯдакӣ аз хурдӣ осори истеъдод зоҳир мекунад. Ӯ чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро тамоман ҳифз кард ва қироат биомӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқ мегуфт, чунон ки халқ бар вай иқбол намуд ва рағбати ӯ зиёд шуд.
Муҳаммад Авфӣ
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми сентябр дар кишвари мо Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардида, ҳамасола дар сатҳи баланди фарҳангӣ қайд карда мешавад. Ин тадбир имконияти васеи боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар байни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно мебошад.
Абӯабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи хушбоду ҳавои Панҷрӯди води Зарафшон, ҳоло маркази ҷамоати деҳоти Рӯдак ба дунё омадааст. Солҳои кӯдакии Рӯдакӣ дар зодгоҳаш Панҷрӯд дар канори волидайн мегузарад. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод буда, аз номи деҳаи зебои Рӯдак гирифта шудааст, Ҷаъфар номи аслии ӯст. Дар таърихи илму фарҳанги адаби форсӣ тоҷикӣ устодро бо номҳои сардафтари адабиёти классикӣ, асосгузори назми форсии тоҷикӣ, султони шоирон, Малик-уш-шуаро ва Одам-уш-шуаро ёд мекунанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шоири пурмаҳсул буда, афзунии миқдори шеърҳои ӯро шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ чунин арзёбӣ мекунад:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам: сенздаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар, чунонки бояд бишмарӣ.
Устод Рӯдакӣ соҳиби девони бузург буда, аз ин шоири бузург ба мо абёти алоҳидаи достонҳои "Калила ва Димна", "Синбоднома", "Шикоят аз пирӣ", "Модари май" боқӣ мондааст. "Калила ва Димна" асари панду ахлоқӣ буда, "Модари май" қасидаи мадҳии ба васфу ситоиши шоҳи Хуросон бахшидашуда аст, қасидаи "Шикоят аз пирӣ" бошад, қасидаи шарҳиҳолист ва устод онро дар рӯзҳои пирӣ ва сахтии зиндагонии худ эҷод кардааст. Маснавии "Даврони офтоб"-и устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бобати ҳаракат ва хусусиятҳои табиии офтоб ривоят мекунад. Инчунин, мероси боқимондаи устод Рӯдакӣ аз қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ иборат аст, ки маснавиҳои устод аз қиссаву саргузаштҳои ибратомӯз, панду ахлоқи инсони нек ва афкори инсондӯстона иборатанд. Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар баробари зеҳни тез, овози хуш ва савти дилкаше низ доштааст, ки дар ин бора худи устод чунин ишора мекунад:
Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
Малик-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар байни мардуми тоҷикзабон ҳамчун поягузори адабиёти классик эътироф гардида, шӯҳрати ҷаҳониро соҳиб гаштааст. Таҳқиқ ва омӯзиши осори устод Рӯдакиро бори аввал шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте соли 1873 оғоз карда, аввалин маротиба шеърҳои ӯро гирд овард.
Овозаи сарояндагӣ, навозандагӣ ва дониши бузурги устод ба гӯши ҳокимони замон расид ва устодро ба пойтахти давлати Сомониён шаҳри Бухоро даъват намуданд. Дар дарбор шуҳрати Рӯдакӣ дар як муддати кутоҳ сар то сари мамлакатро фаро гирифта, ӯ дар даргоҳи Сомониён шуҳратёр мегардад ва сарвати зиёдеро низ соҳиб мегардад. Дар назди шахсияти ӯ амир ва вазиронаш сари таъзим хам мекарданд. Наср ибни Аҳмад ва сарлашкарону ҳокимони қаламрави ӯ ба шоир барои қасидаву достонҳояш мукофотҳои калон медоданд. Онро аз гуфтаҳои худи Рӯдакӣ, шоири асри XI Унсурӣ ва Муҳаммад Авфӣ (асри XIII) фаҳмидан мумкин аст. Шӯҳраташ дар суханварӣ ба дараҷае буд, ки Абулфазли Балъамӣ, ки аз сарпарастони устод Рӯдакӣ буд, гуфтааст: "Дар Аҷаму Араб мисли Рӯдакӣ шоире нест". Вале ин хушбахтии устод дер давом накард, балки фиребанда буд. Шоири овозадорро маҷбур мекарданд, ки дар ситоиши салтанати шоҳ ва найрангу фиреби дарбориён шеър нависад, ки чунин амр барои як шоири соҳибистеъдод фоҷиаи басо калон буд. Мувофиқи навиштаҳои солноманависони дарбор Рӯдакӣ дар ҳолати пириву нотавонӣ аз дарбор ронда мешавад ва ба чашмонаш мил кашида ӯро кӯр карданд.
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ соли 1956 бо роҳбарии профессор М.М. Герасимов дар натиҷаи ковишҳои махсуси илмӣ қабри устод Рӯдакиро ёфта, аз рӯйи косахонаи сари устод на танҳо симо ва пайкараи шоирро муайян карданд, балки муайян гардид, ки ӯ дар синни камолот кӯр карда шудааст, инчунин устод Айнӣ бо хулосаи тадқиқот аз дарбор ронда шудани Рӯдакиро низ собит намуд. Дар қасидаи "Шикоят аз пирӣ" оид ба зиндагии пур аз фоҷиаи устод дар охири умраш ишораҳо шудаанд, ки фармуда:
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бигирифт,
Шуд он замона, ки шоири Хуросон буд.
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон шуд.
Аз дарбор ронда шудани Рӯдакӣ маълум нест, сабабҳои гуногун оварда шудаанд, аммо яке аз сабабҳо ин муносибати хайрхоҳонаи устод ба яке аз шӯришҳои халқӣ зери ливои қарматия мебошад, ки дар Бухоро рӯй дода буд. Шоири бузург ва овозадору шуҳратёр баъди се соли ба зодгоҳаш баргаштан, яъне соли 941 мелодӣ оламро падруд мегӯяд. Рӯдакиро дар саҳни бӯстони Панҷрӯд ба хок месупоранд, ки имрӯз зиёратгоҳи аҳли фарҳангу ҳунар гардидааст. Аз мероси гаронбаҳои Одамушшуаро имрӯз ба мо танҳо абёти пароканда боқӣ мондааст, ки бузургии шоир ҳатто аз як мисраи парокандаи ӯ бараъло намоён аст. Аз маснавии "Калила ва Димна", ки онро 12000 байт гуфтааст, танҳо байти зерин, ки дорои мазмуни баланд аст, маълум аст:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ сардафтари адабиёти тоҷик шинохта шудааст, зеро ӯ аввалин касест, ки соҳиби девон аст ва дар ағлаби анвои шеърии роиҷи замонааш ашъори хубу марғуб гуфтааст ва ҳам осораш нисбат ба ҳамрӯзгоронаш зиёдтар то замони мо расидааст. Устод аз аввалин сарояндагони қасидаи пирӣ мебошад ва шоироне, ки дар ин мавзӯъ шеър гуфтанд, ба ин қасидаи маъруфи ӯ муроҷиат карданд ва аз он ба сифати сармашқ суд ҷустанд. Чунончи "Қасидаи шайбия"-и Абдураҳмони Ҷ