Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳаммад Осимӣ

238

Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ (1920—1996) - файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965—1988). Муҳаммад Осимӣ Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст (1941). Солҳои 1941—1946 дар сафҳои Армияи Шӯравӣ хизмат ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. 

Солҳои 1946—1952 мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод, муовини директори Донишкадаи омӯзгории ш.Хуҷанд, 1952-1955 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ, 1956—1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва соли 1962 Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон буд.
Солҳои 1962—1965 ба ҳайси раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1965 вазифаи Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистонро иҷро намудааст. Ҳамзамон солҳои 1991—1996 вазифаи раиси Ҷамъияти Пайвандро бар дӯш дошт.
Охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри XX дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Ӯ вакили съездҳои ХХIУ, ХХV ва ХХVI-и ҲКИШ, депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 6), депутати Совети Олии ИҶШС (даъватҳои 7 ва 14) ва аъзои КМ ҲК Тоҷикистон (1962) буд.
Ҷоизаҳо: бо ду ордени Ленин, «50-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС», Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1980) мукофотонида шудааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика