Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зебинисо Рустамова

236

Рустамова Зебинисо Сангиновна 29 январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе, ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Мавсуф ифтихори варзиши тоҷик аз рӯи тирпаронӣ аз камон, устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ (17 июл — 1 августи соли 1976, Монреал).

Аз бародари худ Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир Зебуниссо фаҳмид, ки дар майдони «Динамо» шӯъбаи нави варзиши тирпаронӣ аз камон ифтитоҳ ёфтааст. Духтар қарор дод, ки қувваи худро санҷад, зеро тамошои он дар майдони футбол, ки дар он беҳтарин аз беҳтаринҳои ҷумҳурӣ машқ мекарданд, ӯро мафтун сохта буд. Нишонаҳои равшан, ки ба он тирҳои тез мехалиданд, диққати ӯро ҷалб намуданд.
Мусобиқаҳои аввалин дар шаҳри Тула гузашта, ба рӯи Зебинисо дар варзиши калон роҳ кушод. Баҳор дар мусобиқаҳои умумииттифоқии тирпарононии ҷамъияти «Динамо», ки дар Сухуми баргузор гардид, ӯ меъёри Устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард. Дар мусобиқаи мамлакат, ки дар Кишинёв аз рӯи тирпаронӣ аз камон мегузашт, дар масофаи 50 метр Зебинисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро соҳиб шуд. Дар Алушта ҳамаи тирҳои ӯ ба маркази доира расиданд. Дар машқи М-2 ӯ 2233 хол гирифт, шумораи холҳо аз меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ болотар рафт.
Ширкат дар Бозиҳои XXI олимпӣ дар соли 1976 дар Монреал (Канада) ба ӯ ҷоизаи биринҷиро дод. Ҳоло ӯ таблиғотчии фаъоли на танҳо варзиш, балки ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика