Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ

610

Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ - (форсӣ: حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی‎; 935—1020) — шоири форсу тоҷик. Сарояндаи «Шоҳнома» — ҳамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони порсигӯй аст.
Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола (58) будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.
Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Абулқосим Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.
Номи вай ҳама ҷо Абулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.
Барои падари Абулқосим Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Абулқосим Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Абулқосим Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад‏.
Замони даргузашти Абулқосим Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Абулқосим Фирдавсӣ ёд карда, "Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405—411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.
Бинобар гуфтаи Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика