Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абулқосим Лоҳутӣ

820

Абулқосим Лоҳутӣ (1887-ابوالقاسم لاهوتی —- 1957) - шоири инқилобии эронӣ аст, ки пас аз муҳоҷират ба Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз шоирон ва фаъолони сиёсии Тоҷикистон шуд.

Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст. Ӯ дар ғарби Эрон дар хонаводаи мӯзадӯз ба дунё омадааст. Яке аз сармоядони назми форсу тоҷик, аз оилаи косиб. Саводи ибтидоиро дар мактаби муллои деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур кард аз хурдсолӣ меҳнат кунад. Чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани аҳли ҷомеа шинос гардид.
Тангии маишати хонавода водораш намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, бо намунаҳои осори безаволи Фирдавсӣ шиносо гардида, таъсири каломи мавзун ва суханҳои латифу ҳакимонаро эҳсос кардааст. Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси «Илҳомӣ» шӯҳрат ёфтааст, гоҳо шеърҳои сӯфиёнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст. Ба ин васила майлу рағбати шеъру шоирӣ беш аз пеш дар қалби кӯчаки ӯ маскан меёфтааст. Баъдтар созмони маҳаллии ҷамъиятии «Одамийят», ки барои бештар ба сафи худ ҷалб кардани ҷавонони қобилу умедбахш ҷаҳд мекардааст, аз истеъдоди ин ҷавони ҳафдаҳсола пай бурда, бо харҷи худ ӯро барои таҳсил ба Теҳрон фиристодааст.
Вале мактабхонӣ дер давом накарда, ҷунбишу ошӯбҳое, ки бо таъсири инқилоби якуми рус ба вуқӯъ пайвастанд, ӯро ҷониби худ кашидаанд ва чун сарбози инқилоб силоҳ ба даст гирифта, дар муборизаҳои озодихоҳии миллӣ ва зиддиистибдодии ҳамватанони худ иштирок намудааст.
Ба шеъргӯйӣ аз дувоздаҳсолагӣ сар карда, дар равияи падараш ғазалҳои тасаввуфӣ гуфтааст. Соли 1907 аввалин шеъри ӯ – қасидаи «Ҳуббулватан» дар моҳномаи «Ҳаблулматин» (Калкутта) чоп шудааст.
Пас аз ин шеърҳои ватандӯстона ва инқилобии ӯ дар байни мардум иштиҳор ёфтаанд. Ҷараёни тундутези воқеаҳои инқилобии солҳои 1905-1911 дар тафаккур ва тасаввуроти Абулқосим Лоҳутӣ тағйироти муҳим ворид оварда, дар мазмуну муҳтавои ғоявии шеърҳои ӯ нақши вофир гузоштаанд. Чунин таҳаввулотро дар шеърҳое, ки танҳо дар давоми соли 1909 ба қалам овардааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, дар шеъри «Фарёди миллат», ки мазмуну пафоси баланди ватандӯстона дорад, Эронро миллати воҳиду ягона ҳисобидааст; дар шеъри «Ай ранҷбар», дар баробари нишон додани зиддиятҳои дохилии мамлакат, муборизаи порлумониро воситаи асосии муҳофизати ҳуқуқи мардум шумурдааст. Аммо дар ғазали «Ё ҳар ду» наҷоти халқро дар муборизаи мусаллаҳонаи он дида, дар шеъри «Маънии одам» (1910) талқин кардааст, ки танҳо ранҷбару меҳнаткаш сазовори номи баланди одаманд. Шеърҳое, ки дар солҳои қувват гирифтани нирӯҳои иртиҷоъӣ дар Эрон ва муҳоҷирати шоир навишта шудаанд, ҳам ошкоро («Шарқ»)-ву ҳам рамзу кинояпеч («Шамъу Парвона»), мардумро ба ҳуррияту инқилоб ва муборизаи зидди мустамликадорон даъват кардааст. Дар баъзе шеърҳои онвақтаи ӯ, аз қабили «Бозгашт ба ватан» (1915), дар баробари хеле барҷаста ифода ёфтани ғояҳои ватандӯстӣ, оҳанги маъюсӣ ва афтодарӯҳии шоир эҳсос мешавад. Аммо, дар натиҷаи дубора сар бардоштани қувваҳои инқилобӣ ва хусусан, бо таъсири воқеаҳои инқилобии Русия, марому идеалҳои шоир дар роҳи озодии синфи ранҷбару деҳқон торафт равшантар мегарданд, ки дар шеърҳои «Яке Руму яке Эрон парастад» (1916), «Бо ин ки дар шариъати хубон ҳиҷоб нест» ва «Қасри Доро» (1917) то андозае инъикос ёфтаанд. Дар шеърҳои «Дос ар кашад…» ва «Деҳқон хуроку фаъла ҷаҳонро бино кунад» (1920) ва «Гар нест ду дасти номвар маро» (1921) мардуми муборизро ба ваҳдату низом даъват намуда, иттифоқи коргару деҳқонро шарти асосии аз панҷаи зулму асорат раҳойӣ ёфтани оммаи заҳматкаш донистааст. Хулоса, вақте ки Лоҳутӣ ба мамлакати сотсиалистӣ қадам гузошта, эҷодиёти худро бо «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (феврали 1922) ба ҳаёту адабиёти шӯравӣ алоқаманд намуд, аллакай соҳиби афкори муайяни иҷтимоӣ ва устоди каломи бадеъ будааст.
Таҷрибаи зиёди зиндагӣ ва истеъдоди адабию андешамандӣ имконияташ додаанд, ки баъзе маҳдудиятҳои ғоявӣ ва эҷодии худро муттасил бартараф карда, эҷодиёташро мутобиқи шароити наву воқеиятҳои ҷамоати сотсиалистӣ пеш барад ва яке аз пешқадамтарин шоирони шӯравӣ гардад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика