Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирсаид Миршакар

967

Мирсаид Миршакар — шоир ва дроманависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964). Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Мирсаид Миршакар 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқони чорводор таваллуд ёфтааст. Дар мактаби миёнаи қишлоқи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ таълим гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст. Дар сохтмони Вахш иштирок намудааст, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Ба сохтмони Вахш достони «Байрақи озодӣ»-и ӯ бахшида шудааст. Аз соли 1937 котиби масъул, муҳаррири рӯзномаи «Васияти Ленин». Аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ. Ҳамчун сардори кумитаи репертуарии идора оид ба корҳои санъати Шӯрои комиссарҳои халқии Тоҷикистони Шӯравӣ фаъолият дошт. Аз соли 1946 то соли 1959 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ ва муовини мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи Кумитаи марказии ҲК ҶШС Тоҷикистон. Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Соли 1993 дар ш. Душанбе вафот кардааст.
Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст. Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тиллоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Кишлоқи тиллоӣ» дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст. Мирсаид Миршакар соли 1950, барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст. «Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст, ки нахустин бархӯрдҳои инқилобии кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекунад ва дар заминаи он, дар таҳияи худи муаллиф ва И.Филимонова, филми ҳунарӣ бардошта шудааст. Солҳои пасин достонҳои нави ӯ «Дугонаҳо» (1961), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Чашмони Ленин» (1964), «Авроқи муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) «Зинда бод ханда!» (2012) ва ғайра дастрас ва мақбули умум гардидаанд. Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик устувору шӯҳраташро сазовор гардонидаанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика