Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исмоили Сомонӣ

966Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (санаи таваллуд моҳи апрели соли 849, Фарғона — вафот 24-уми ноябри соли 907, Бухоро) - аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутаммаркази тоҷикон - Давлати Сомониён. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 - волии Бухоро ва солҳои 892 – 907 - амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд.

Исмоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён, солҳои 874 то 892 волии Насри I Сомонӣ дар Бухоро ва баъди вафоти бародараш Насри I, аз соли 892 амири мутлақи Давлати Сомониён гардид. Ҳанӯз дар аҳди Насри I Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни ӯ ва Насри I зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои мустақилона амал карданро шурӯъ кард. Суханчинҳо ин зиддиятҳоро бештар карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сар задани моҷаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард. Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири Давлати Сомониён (Мовароуннаҳр) гардид.
Дар Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 31-уми июли соли 2001 - Ордени Исмоили Сомонӣ иборат аз се дараҷа барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст;
Ба номи Исмоили Сомонӣ яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст;
Соли 1999 ба муносибати 1100 - солагии бузургдошти Давлати Сомониён, дар майдони Дӯстии ш. Душанбе маҷмааи меъморӣ ба муносибати Ваҳдати миллӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;
Қуллаи баландтарини кӯҳҳои Помир ба номи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст;
Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Муминобод ва ғайра маҷмааи меъморӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бунёд гардидааст;
Ба номи Исмоили Сомонӣ номи хиёбону кӯчаҳои шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистон гузошта шудаанд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика