Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мизи мудаввар оид ба ислоҳоти милитсия дар вилояти Хатлон

Рӯзи 28-уми сентябри соли 2019 Мизи мудаввар дар доираи фаъолият ҷиҳати дастгирии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои се даври нақшаи вохӯриҳои Шӯрои ҷамъиятӣ бо нозирони минтақавӣ ва мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баррасӣ гардид.
02396-0-00-11-921

Дар оғоз ёвари сардори РВКД дар вилояти Хатлон подполковники милитсия Қаландарзода Музаффар баргузории чунин як мизи мудавварро бо мақсади бештар ноил шудан ба натиҷаҳои мусбӣ дар самти амалисозии «Стартегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» муфид арзёбӣ намуд.
Роҳбари гурӯҳи Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар вилояти Хатлон Баротов Шаҳриёр доир ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯро ва нақшаҳои дар пеш истода маълумот дод.
Баҳром Абдуллоев - афсари миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Дафтари САҲА дар Душанбе, иброз дошт, ки бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои донор ва ташкилотҳои байналмилалӣ, баҳри таъмини шароити мусоид дар раванди ислоҳоти милитсия ба кормандон техникаву таҷҳизотҳои муосир, утоқҳои корӣ барои нозирони минтақавӣ фароҳам оварда шудааст, ки имрӯзҳо шароити кориву маишии кормандонро беҳтар намудааст.
02417-0-00-02-412

Аз ҷониби ҳамоҳангсози барномаҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» Рустам Баҳридинов нақшаи фаъолияти муштараки Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар вилояти Хатлон дар самти баланд бардоштани иттилоотнокии ҷомеа дар бораи ислоҳоти милитсия пешкаш карда шуда, оиди пурсиш ҷиҳати арзёбии сатҳи иттилоотнокии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар самти ислоҳоти милитсия, фаъолияти нозирони минтақавӣ, ҳамбастагии ҷомеаи шаҳрванди ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ахборот дода шуд.
Иштирокдорони мизи мудаввар дар баробари баррасии барномаи кори Шӯро дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар вилояти Хатлонро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Офоқ Қодириён




Рӯйдодҳо

  • Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

    Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои ....

    10.08.2020 16:37
  • Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

    Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим ....

    10.08.2020 11:39
  • Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    10.08.2020 10:47
  • Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.08.2020 10:45
  • Боздошти зани 47-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи ....

    10.08.2020 10:43
  • 08.08.2020 11:08
  • Қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи ....

    08.08.2020 10:49
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 38-солаи сокини ....

    08.08.2020 10:48
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳритус

    Санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа, ронандаи ....

    08.08.2020 10:47
  • Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад

    Имрӯз дар раванди амалишавии барномаҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои ....

    08.08.2020 10:45
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика