Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар вилояти Суғд такмили дониш намуданд

341

Рӯзҳои 21-23 ноябри соли 2018 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмиллалии Сейферворлд (Дунёи бехатар) бо аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар вилояти Суғд, ёвари сардори РВКД дар вилояти Суғд ва ёварони сардори ШВКД дар ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Конибодом, Спитамен, Исфара-1 доир ба ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ташкили кори Дружинаҳои ихтиёрӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.

Иштирокчиёни машғулиятҳо доир ба рафти амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ, вазифа ва уҳдадориҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, Кодекси рафтори аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, сатҳи огоҳии аҳолӣ аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, шаклҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳисоботҳои нозирони минтақавии милитсия чун яке аз усулҳои баландбардории нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ташкили ҳамкории милитсия бо ҷомеа, фалсафаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», усулҳои муайян намудани мушкилотҳои афзалиятнок дар ҳамкорӣ бо ҷомеа донишҳои худро муккамал намуданд.

339

Дар машғулиятҳо 20 нафар аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва ёварони сардорони раёсатҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида буданд. Дар машғулиятҳо ба иштирокчиён на танҳо барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ донишҳои нав омӯзонида шуд, инчунин онҳо аз таҷрибаи фаъолияти худ ба ҳамдигар мубодила намуданд.

Дар рафти мубодилаи таҷрибаи корӣ маълум гардид, ки шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳамчун мақомоти ҷамъиятии машваратӣ – мушоҳидавӣ дар РВКД дар вилояти Суғд самаранок фаъолият карда истода, ба ислоҳоти милитсия фаъолона мусоидат намуда истодаанд.

Аз баромадҳои аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар, Турсунов Аскарҷон Раҳмонович, Юлдошев Ҷаббор Абдуфаттоевич, Ахмедов Нарзуллохон Иззатуллоевич, Муртазоев Саъдихон, Ҷалилов Анвар Расулович, Хорисова Моҳинисо, Ҳаитов Маҳмадсалим Самеҳович, Саидов Садриддин Мухторович маълум гардид, ки онҳо фаъолияти якҷояи сокинони ин ё он маҳалро бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан бо кормандони бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ ва кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ташкил ва назорат карда истода, ба ҳамдигар мунтазам аз хатару таҳдидҳои мавҷуда хабар дода истодаанд. Аз рӯи хулосаи онҳо ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба солҳои пеш хело беҳтар ва наздик шудааст.

                Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар РВКД дар вилояти Суғд муҳтарам Маликисломӣ Наим Мунаввар махсус, қайд намуданд, ки “таҷрибаи Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Ярославл, ки тавассути слайдҳо ва расмҳо ба иштирокчиён шарҳ дода омӯзонида шуд, хело ибратбахш буд ва онҳо ҳам саъй мекунанд, ки дар оянда ин таҷрибаро дар фаъолият барои ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ васеъ истифода намоянд”.    

Аз ҷониби иштирокчиёни машғулият махсус қайд шуд, ки дар натиҷаи кори якҷоя эътимоди аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, махсусан бо кормандони милитсия зиёд шуда, ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан нозирони минтақавӣ бо аҳолӣ хело наздик ва самарабахш гардида, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ тақвият ёфта истодааст.

340

Мавриди ҷамъбасти машғулиятҳо онҳо бо боварӣ изҳор намуданд, ки донишҳои нав ба онҳо дар амалишавии ислоҳоти милитсия кӯмак мерасонад ва онҳо саҳми сазовори хешро дар раванди ислоҳоти милитсия, демократисозии ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мегузоранд. Инчунин иброз доштанд, ки саҳми шӯроҳои ҷамъиятиро дар пешгирии ҳаракату ҳизбҳои экстремистиву динӣ, рафторҳои бадахлоқона ва кирдорҳои ношоиста, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ беҳтар менамоянд.

Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Ғуломов Қ.Ҷ.




Рӯйдодҳо

  • Бо роҳи зуроварӣ тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    15.08.2020 10:16
  • Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ....

    15.08.2020 10:15
  • Боздошти марди 31-сола барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.08.2020 10:14
  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 47-солаи сокини ....

    15.08.2020 10:12
  • Рух додани якчанд садамаи нақлиёти марговар

    Рӯзи 13-уми августи соли 2020, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи ....

    15.08.2020 10:11
  • 14.08.2020 12:08
  • Боздошти марди 34-сола барои ба ҳалокат расонидани ҳамсар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    14.08.2020 10:21
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза ноболиғи 17-солаи сокини ....

    14.08.2020 10:18
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза марди 51-солаи сокини ....

    14.08.2020 10:16
  • Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    14.08.2020 10:15
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика