Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Татбиқ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти милитсия

Имрӯз (25.09.с.2017), дар толори «Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи»-и Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар барномаи ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии минтақавӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ иштирок доштанд.
Сараввал Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшид.
Сипас сардори шуъбаи роҳбарии нозирони минтақавии милитсияи Раёсати хифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД подполковники милитсия Холмуродзода Дилшод вобаста ба чорабиниҳои пешгирикунанда оиди зуроварӣ дар оила, ки аз ҷониби кормандони милитсия ба роҳ монда шудааст, баромад кард.
Зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии зуроварӣ дар оила аз хисоби кормандони милитсия, бахусус аз ҳисоби кормандзанони милитсия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намудаанд.

Дар идомаи ҷаласа намояндаи САҲА Маҳбуба Маҳмадхонова оиди фаолияти якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва САҲА дар ташкили гурӯҳҳои байниидоравӣ барои пешгирии зӯроварӣ дар оила, хушунати хонаводагӣ ва ҳифзи қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ дар минтақаҳо суханронӣ намуд.
Дар анҷоми ҷаласа кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба натиҷаҳои то имрӯз бадастомада муҳокимаронӣ намуданд.
Абдуллозода Эҳсон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика