Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълони вазифа: Коршиноси миллӣ

Ӯҳдадориҳои вазифагии Коршиноси миллӣ оид ба таҳияи дастури амалӣ барои Консепсияи ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа ва таълими кормандони милитсия

1. Шарҳ

Созмони ғайридавлатии Saferworld (Ҷаҳони бехатар) дар Тоҷикистон дар асоси се принсип таҳияи дастури амалӣ барои Консепсияи ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеаро ба нақша гирифтааст: 1) таъсиси ҳамшарикӣ байни милитсия ва ҷомеа; 2) ҳалли якҷояи мушкилоти аҳолӣ 3) ҳисоботдиҳӣ дар назди аҳолӣ. Ҳамчунин, баргузории як силсила семинарҳои омӯзишӣ вобаста ба дастури мазкур барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва дар шаҳраки Ғарм дар назар дошта шудааст.
Saferworld дар Тоҷикистон коршиноси миллиеро меҷӯяд, ки дастури амалии мазкурро таҳия карда тавонад ва тибқи ин дастурамал ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва шаҳраки Ғарм дарсу таълим гузаронад.

Ба ваколатҳои асосӣ маълумоти аслӣ ва асосноккунӣ, шарҳи мухтасари самти кори Saferworld ба амалисозии лоиҳаҳо, ҳаҷми вазифаҳо ва рӯйхати замимаҳо барои коршиноси миллӣ медароянд.

2. Замина ва асосноккунӣ

Аз моҳи феврали соли 2016 Saferworld лоиҳаи 18-моҳа "Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»-ро, ки кор бо ҳафт Шӯрои ҷамъиятӣ, 24 гурӯҳи ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа (ГҲМҶ), қаблан амалкунанда, 6 ГҲМҶ-и нав ва бо кормандони милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст.

Лоиҳаи мазкур бевосита аз ҷониби Шӯъбаи байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Душанбе маблағгузорӣ мешавад ва саҳми худро ба татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, ки аз тарафи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, инчунин дар талоши васеъи ҷомеаи байналмилалӣ баҳри беҳтар намудани вазъи амниятӣ дар кишвар мегузорад. Лоиҳаро Ҳукумати ИМА ва талошҳои аввалияи САҲА дар соҳаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, сиёсати миллӣ ва Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тағйири усули таъмини амнияти тавассути ислоҳоти пайдарҳам ва бунёди замина барои ҳамкориҳо байни милитсия ва ҷомеа дастгирӣ менамояд. Saferworld ин ташабусҳоро бо истодагарӣ, талошҳоро барои таҳкими иқтидори маҳаллии милитсия, ҷамъият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ барои намудҳои институтсионализатсияи муносибатҳо ва рафторе, ки ба таҳияи муваффақонаи барномаҳои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ равон намуда, пурра месозад.


3. Мақсад ва вазифаҳо

Мақсади таҳияи дастури амалӣ аз мустаҳкам намудани иқтидори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фаҳмиши Консепсияи Ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа, ки аз бунёди шарикӣ, ҳалли муштараки мушкилот ва ҳисоботдиҳӣ ба аҳолӣ асос ёфтааст, иборат мебошад.

Созмони ғайридавлатии Saferworld аз Коршиноси миллӣ интизор аст:
• Дастури амалиро барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рӯи Консепсияи Ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеа дар ду забон: тоҷикӣ ва русӣ таҳия намояд.
• Дастури амалиро бо коршиноси байналмилалӣ пеш аз нашр, вобаста ба он Saferworld коршиноси байналмилалиро дарёфт мекунад, баррасӣ намояд.
• Дастурро барои чоп, аз ҷумла барои таҳрир ва барасмиятдарорӣ/тарҳбандӣ/ омода намояд.
• Модули таълимӣ, рӯзномаи ҷаласа ва маводҳои тақсимотиро барои иштирокчиён (кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) таҳия намояд.
• Дар ҳамкорӣ бо коршиноси байналмилалӣ дар таълими на камтар аз 180 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва дар шаҳраки Ғарм мусоидат намояд.
• Шакли баҳогузориҳои тренингҳоро таҳия намояд.
• Аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳисобот пешниҳод намояд.

4. Усулҳо

Коршиноси миллӣ омӯзиши ибтидоии ҳуҷҷатҳои асосиро, аз ҷумла Стратегияи ислоҳоти милитсия, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсияро бо Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, лоиҳаи «Консепсияи ҳамкориҳои ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» (ВКД) ва Стратегияи Seyfervorldро оид ба Ҳамкории милитсия бо ҷомеаро мегузаронад.
Пас аз баррасии ин ҳуҷҷатҳо, Коршиноси миллӣ дастури амалӣ, маводҳои омӯзишӣ (модули таълимӣ, барномаи/рӯзномаи рӯз, маводҳои тақсимотӣ, санҷишҳои баҳодиҳӣ пеш ва пас аз омӯзиш ва ғайра)-ро, ки дар давоми тренингҳо истифода бурда мешаванд, таҳия менамояд.
Дар назар дошта шудааст, ки қабл аз оғози тренинг Коршиноси миллӣ бо кормандони Saferworld, раисони Шӯроҳои ҷамъиятӣ, ва эҳтимолан бо донорҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор вохӯриҳои алоҳида мегузаронад. Дар нақша гирифта шудааст, ки дар давраи аз моҳи июл то моҳи августи соли 2017, коршинос сафарҳо анҷом диҳад. Нигаред ба ҷадвали барои гирифтани иттилооти бештар дар бораи сафар, ки дар чорчӯбаи вазифаи мазкур талаб менамояд.

5. Натиҷаҳо

- дар ҳамкорӣ бо коршиноси байналмилалӣ дастури амалии ҳамкориҳои милитсия бо ҷомеаро дар ҳар ду забон тоҷикӣ ва русӣ омода намояд;
- маводҳои омӯзишӣ/модули таълимӣ, рӯзномаи рӯз ва маводҳои тақсимотиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода намояд;
- санҷишҳои баҳодиҳиро пеш ва пас аз омӯзишро омода созад;
- ҳисоботи тавсифиро (то 10 саҳифа) оид ба натиҷаи тренинг омода намояд.

6. Ҷадвал

То 15 майи соли 2017

Интихоби ташкилоти иқтидорманд ва ё шахси инфиродӣ барои иҷрои кор

15-18 майи соли 2017

Омӯзиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳо

18 май – 15 июни соли 2017

Таҳияи дастури амалӣ

15 июн – 29 июни соли 2017

  • Баррасӣ ва мувофиқанамоӣ бо коршиноси байналмилалӣ, муҳри роҳбарият
  • Дар якҷоягӣ бо коршиноси байналмилалӣ модули таълимӣ ва маводҳоро омода сохта, дар вохӯриҳо бо кормандони Saferworld ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намояд (мумкин бо телефон ва ё скайп).

 

  • Тренинги дурӯза дар Қурғонтеппа (3-4 июли соли 2017) барои 30 иштирокчӣ
  • Тренинги дурӯза дар Кӯлоб (6-7 июли соли 2017) барои 30 иштирокчӣ
  • Тренинги дурӯза дар шаҳри Хуҷанд (10-11 июли соли 2017) барои 30 иштирокчӣ
  • Тренинги дурӯза дар шаҳри Душанбе (13-14 июли соли 2017) барои 30 иштирокчӣ Тренинги дурӯза дар Ғарм (18-19 июля 2017 года) для 30 участников
  • Двухдневный тренинг в Хороге (24-25 июля 2017 года) для 30 участников

 

То 10 августи соли 2017

Омода намудан ва пурра кардани ҳисобот

Saferworld дар Тоҷикистон тамоми хароҷоти сафарҳои дохилии кишвар, зист ва дигар хароҷотҳои ғайринақшавиро пардохт менамояд. Ғайр аз ин, хароҷоти вобаста ба чопи дастур ва маводҳои омӯзиширо ба зимма дорад.
Эзоҳ: нақшаи кории муфассал бо коршинос ё ташкилоти интихобшуда таҳия карда мешавад.

7. Талабот ба маҳорат:

Коршинос ва ё ташкилот бояд:
1. На камтар аз 3 сол таҷрибаи амалӣ дар таҳияи дастур, маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ монанд дошта бошад.
2. Дар бораи Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, лоиҳаи (Вазорати корҳои дохилӣ) «Консепсияи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» фаҳмиши нағз дошта бошад.
3. Усули интерактивии омӯзишӣ барои иштироки фаъолонаи умумӣ ҳангоми таълими калонсолонро истифода бурда тавонад.
4. Забонҳои тоҷикӣ-русиро хуб донад.
5. Барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва бедории ҳавас ба кор дар самти ислоҳоти милитсия фасеҳ ва мақсаднок бошад.
6. Барои мутобиқ шудан ба ҷараёни ивазёбии ҳолатҳо аз ҷиҳати фарҳангӣ ҳассос ва фасеҳ бошад;
7. Ҳунари муоширати хуб, таълимӣ ва омодасозии ҳисобот дошта бошад;
8. Дар мӯҳлати муқарраршуда корро иҷро карда тавонад.

8. Барои пешниҳоди дархост:

Коршинос ва ташкилот ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
1) CV (Пурсишнома) ва мактуби замимакунандаи коршинос ва/ва ё тавсифи мухтасари ташкилот.
2) Намунаҳои маводи омӯзишии монанд ва дастури амалӣ (ишора барои нусхагирӣ).
3) Се мактуби муаррифӣ, аз ҷумла кор бо созмонҳои байналмилалӣ, агар фаъолият дошта бошад;
4) Буҷа барои иҷрои корҳои пешниҳодшаванда.

Тамоми ҳуҷҷатҳо бояд тавассути почтаи электронии суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. равона карда шаванд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳо дархостҳо ба почтаи электронии суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фиристода шаванд.

9. Замима (пас аз анҷоми раванди интихоб пешниҳод мешаванд)

Замимаи 1: Ҳуҷҷатҳои расмӣ, масалан Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия, Нақшаи чорабиниҳои он, Низомнома дар бораи Шӯроҳои ҷамъиятӣ, лоиҳаи (Вазорати корҳои дохилӣ) «Консепсияи ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ».
Замимаи 2: Равиши кори Saferworld оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика