Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии омӯзишӣ барои дружиначиёни ихтиёрӣ

7-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе, дар доираи Барномаи паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, ки дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино татбиқ гардида истодааст, семинари омӯзишӣ бо иштироки дружиначиёни ихтиёрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии омӯзишӣ ба дружиначиёни ихтиёрии маҳаллаи Зарафшон аз ҷониби мутахассисони соҳа, дар мавзӯҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонону наврасон дарсҳои назариявӣ гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баррасии масъалаҳои вобаста ба ҷавонону наврасон, тартиб додани Низомномаи корӣ ва аз харитаи маҳал муайян намудани минтақаҳои ба душворӣ дучоромада мебошад.
Зимни баррасии масъалаҳои барнома иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, миёни онҳо табодули афкор сурат гирифт.
Семинари омӯзишӣ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Сейфрволд» ва Шӯрои ҷамъиятии назди РВКД дар шаҳри Душанбе доир карда шудааст.
Н. Сангинова   


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика