Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ВОХӮРИИ ИСКАНДАР СОЛЕҲЗОДА БО АЪЗОИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ

«Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия, ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад». Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳадафи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон қабл аз ҳама мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.


Зимни вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Хатлон, Лоҳутӣ Шоназаров, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, сухани ифтитоҳиро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла, зикр кард, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ бо иштироки ташкилотҳои манфиатдор барои рушди ҳамкории мутақобила байни милитсия ва ҷомеа баҳри беҳтар намудани сифати зиндагонии аҳолӣ, пешгирии ҷиноятҳо, таъмини амният ва ҳалли мушкилоти ҷомеа Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия таъсис ёфтааст.
Дар Шӯрои мазкур намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, адвокатҳо ва дигар аъзои фаъоли шаҳрвандӣ, ки дар ҷомеа эътибор доранд, шомиланд.
Ба воситаи барномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа метавонанд дар ҳалли мушкилот, пешгирии ҷинояткорӣ ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзанда гузоранд. Ҷалби аҳли ҷомеа ба иҷрои вазифаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва баландбардории самаранокии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат мекунад.
Сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода, сараввал бо ҳайати кории Шӯрои ҷамъиятӣ шинос шуда, иброз намуд, ки дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия метавон сатҳи ҷинояткориро дар кишвар поин карда, шумораи ошкоршавии ҷиноятҳоро боло бардошт.
- Вазифаи асосии милитсия таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа аст, - зикр кард Искандар Солеҳзода. Фаъолияти милитсия бошад, бо дарназардошти хусусиятҳо ва эҳтиёҷоти воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ба нақша гирифта шуда, ба амал бароварда мешавад. Вазифаи асосӣ таъмини амнияти шаҳрвандон, ошкор кардан, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурист.
Дар охир, Искандар Солеҳзода, ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки бо назардошти имконоти мавҷуда дар ҳамаи шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят барои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳуҷраҳои корӣ ҷудо карда хоҳанд шуд.
Комрони Бахтиёр, вилояти Хатлон. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст

    Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории ....

    11.08.2020 15:49
  • Семинари омӯзишии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

    Санаи 11-уми августи соли 2020 мувофиқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои ....

    11.08.2020 14:04
  • Ошкор шудани куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    11.08.2020 11:25
  • Тариқи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:23
  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:21
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат

    Рӯзи 10-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.08.2020 11:18
  • Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

    Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои ....

    10.08.2020 16:37
  • Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

    Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим ....

    10.08.2020 11:39
  • Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    10.08.2020 10:47
  • Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.08.2020 10:45
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика