Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯдакӣ: Мизи мудаввар дар мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷудошавии оилаҳо

 

Ҳафтаи гузашта, дар ноҳияи Рӯдакӣ бо дастгирии ташкилоти “Дунёи бехатар” (Saferworld) ва ташкилоти ҷамъиятии ҳамшарик “АЗИТ” аз ҷониби Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ноҳияи мазкур мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҷудошавии оилаҳо» баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур 40 нафар фаъолон, намояндагони шӯъбаҳои маҳаллии кор бо занон, ҷавонон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия, милитсия ва дигар қишрҳои ҷомеа иштирок доштанд.
Чорабиниро бо сухани муққадимавӣ рӯҳшиноси шинохтаи Тоҷикистон профессор Нафиса Юнусова оғоз бахшида, дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила, омилҳои бамиёноварандаи он, ривоятҳои халқӣ ва дигар сабабу омилҳо» баромад намуд.
Қайд карда шуд, ки дар соли гузашта дар ҳудуди ноҳия 15 ҳолати расман ҷудошавии оила ба қайд гирифта шудааст. Оила ҳамчун узви муҳими ҷомеа, дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад, гузаштагони мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда кӯшиш мекарданд, оилаи худро мустаҳкам нигоҳ доранд.
Намояндаи шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Имом Ҳомидов, қайд намуд, ки шавҳарон бояд нисбати ҳамсарони худ ба таври дуруст муносибат намуда, бо фарзандони худ ва дигар аъзоёни оила меҳрубонона рафтор намоянд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои дахлдор аз ҷониби иштирокчиён як қатор пешниҳоду тавсияҳо ироа гардиданд, аз он ҷумла:
- Нақши ҷомеа, бетараф набудан дар мушкилоти ҳамсояҳо;
- Ташкили корҳои пешгирикунанда ва маҷмӯи чораҳои маълумотдиҳию баландбардории маърифатнокӣ;
- Баланд бардоштани нақши волидайн дар тарбияи фарзандон бо мақсади ояндаи ҷомеа;
- Тарафи сеюм (алалхусус хушдоман ва дигар аъзоёни оила) бо мақсади пешгирии ҷудошавии оилаҳо ба зиндагии навхонадорон ва оилаҳои ҷавон ҳамроҳ нашаванд;
- Ташкил намудани озмунҳои гуногун.
Роҳбарони маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ зикр намуданд, ки ҷомеа ва дигар сохторҳои дахлдор роҳҳои мушкилоти ҷойдоштаро дар ҳамбастагӣ ҳал намоянд.
Х. Солиҳов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика